Манучеҳр Амонов дар бораи 45 рӯзи ҳаёташ дар зиндони Ӯзбакистон (мусоҳиба)

Манучеҳр Амонов (акс аз саҳифаи Однокалассники)

Ду сокини Панҷакент Манучеҳр Амонови 26-сола ва рафиқаш Фирдавс Раҳимовро 21-уми октябр марзбонони Ӯзбакистон дар соҳили дарёи Зарафшон рабудаанд. Расо баъди 45 рӯз аз зиндон раҳо шуданд, 10-уми декабр аз гузаргоҳи марзии Ойбек - Бӯстон вориди Тоҷикистон шуданд. Манучеҳр Амонов дар як сӯҳбат бо TojNews дар бораи боздошт ва 45 рӯзи асораташ қисса кард:

Манучеҳр Амонов: Нисфирӯзии 21-уми октябр ҳамроҳи рафиқам Рустам Раҳимов дар соҳили дарёи Зарафшон машғули моҳидорӣ будем. Дар ҷое, ки ҳар вақт моҳӣ медоштем, ҳудуди Тоҷикистон аст. Ногаҳон 6 сарбози ӯзбак ба тарафи мо гузашта, бидуни ҳеч огоҳие моро боздошт карда, ҳамроҳашон ба марзи Ӯзбакистон гузаронданд. Мутаассифона дар онҷо ягон сарбози тоҷик набуд, ки аз онҳо кӯмак пурсем. Баъди моро ба тарафи Ӯзбакистон бурдан то қисми ҳарбӣ моро латукӯб кардаанд, азоб доданд ва сипас суолу ҷавоб, дақиқтараш шиканҷа оғоз шуд...

TojNews: Воқеан, дар ҷое, ки Шуморо боздошт карданд, оё ягон нишонаҳои сарҳад вуҷуд дошт?

Манучеҳр Амонов: Не ягон нишонаи сарҳад дар онҷо набуд. Онҷо фақат дарё буд ва мо моҳӣ дошта истода будем.

TojNews: Баъди боздошт аз шумо чӣ пурсиданд?

Манучеҳр Амонов: Ибтидо талаб карданд, ки дар бораи худам ва оилаам пурра маълумот диҳам. Баъдан, суолҳое медоданд, ки гӯё мо марзшиканӣ карда бошем. Суол мекарданд, ки чаро дар ҳудуди Ӯзбакистон моҳӣ медорӣ? Посух додам, ки ман дар на дар ҳудуди Ӯзбакистон балки дар ҳудуди Тоҷикистон моҳидорӣ кардам. Аммо онҳо ба шиддат инро рад карда мегуфтанд, онҷо ҳудуди Ӯзбакистон аст. Баъдан навиштаеро пешамон гузошта талаб карданд, ки имзо гузорем. Пурсидам, ки ин чӣ аст, ки мо имзо мегузорем? Гуфт, ки корат набошад.

Баъдан моро ба чанд милисахона бурданд, бозпурсии зиёд карданд.  Дар пурсишҳои навбатӣ на танҳо моро мехостанд, ба марзшиканӣ муттаҳам кунанд, балки ба гарданамон иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддирро бор карданӣ мешуданд. Маҷбур мекарданд ва ҳатто мезананд, ки ба гардан гирам, ки ба тиҷорати маводи мухаддир сарукор дорам ва ба он тараф нашъа мегузарондам. Асабӣ шуда ба онҳо посух додам, ки охир худатон медонед, ки ба ғайр аз асбоби моҳидорӣ дар дасти ман чизе набуд. Вақте ҳамон чиз дар дасти ман нест, ман чи хел гуноҳи набударо ба гардан мегирам?

TojNews: Ин ҳама муҳлат дар як ҷо нигоҳ медоштанд?

Манучеҳр Амонов: Ба Самарқанд бурданд. Ҳамеша рӯи моро бо халтаи сиёҳ мепӯшонданд. Ҳеч ҷоро дида наметавонистем. Дар умум медонам, ки дар Самарқанд будем. Аммо мошин моро куҷо мебурд, худамон намедонем, чун рӯямон маҳкам буд. Ба гумонам моро ба дузах бурда  буданд (механдад).

TojNews: Хонаводаатон аз боздошти шумо чигуна хабардор шуданд?

Манучеҳр Амонов: Ростӣ аниқ намедонам, ки аҳли хонаводамон чихел аз боздошти ман хабардор шуданд, чун ҳоло фурсати муносиб барои сӯҳбат бо онҳо даст надодааст (Сӯҳбат баъди чанд соат аз ворид шудани Манучеҳр ба хоки Тоҷикистон сурат гирифтааст-TojNews).  Тахминан баъди 20 рӯз бародарам рафта, аз ҳоли ман хабар гирифт, то он вақт ягон инсон дари маро накушод, ки ту зинда ҳастӣ ё мурда.

TojNews: Муносибати мақомоти кишвари ҳамсоя ба шумо чихел буд?

Манучеҳр Амонов: Чунон буд, ки ба инсон чунин муносибат намекунанд. Дар чеҳраи мо марзшикан, қочоқчӣ, ҳатто террористро медиданд. Маҷбур мекарданд, ки гуноҳи набударо ба гардан гирам. Барои мисол маро маҷбур карданд, ки худро ҳамчун одамкуш, терорист муаррифӣ кунам. Барои ин гуноҳҳоро ба гардан гирифтанд маро зиёд латукӯб карданд. Набошад гуноҳи мо фақат моҳӣ доштан дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Аламовар ин кӣ дар онҷо ягон сарҳадбони тоҷик дар онҷо набуд. Мо дар шохоби аввали дарё чанг партофтем, ки моҳӣ нест, баъд ба шохоби дуюмаш гузашта моҳӣ дошта истода будем.

TojNews: Гуфтед, ки то 20 рӯз касе дари шуморо накушод...

Манучеҳр Амонов: Баъди чанд рӯз аз боздошт моро ба Хадамоти амнияти Ӯзбакистон бурда,  барои мо адвокат ва тарҷумон ҷудо карданд.  Инҳо ҳамааш сохтакорӣ буд, ки чун онҳо барои мо коре анҷом надоданд. Ман аз онҳо чанд бор хоҳиш кардам, ки як телефон диҳед, ман ақалан ба аҳли хонаводаамон хабар диҳам, ки аз ман хавотир нашаванд. Аммо касе телефон надод. Қариб 40-45 рӯз ба ҳамин аҳвол гузашт.

TojNews: Шароити нигоҳдории шумо дар боздоштгоҳ чигуна буд?

Манучеҳр Амонов: Дар бозтоштгоҳ моро мисли ҳайвон маҳкам карда, назди терористу одамкушҳо партофтанд! Шароити бисёр бад буд, на кӯрпаву болишти ҳалол доштем ва на хӯроки хуб. Рӯи замини сард хоб мекардем. Ҷои хобамон намнок, курпаҳоямон бӯйгирифта мисли кайкхона. Ҷое, ки моро партофтанд агар ҳайвонро маҳкам кунед як-ду рӯз зиндагӣ мекунад тамом, мумкин мурад. Аммо мо тоқат кардем. Аз хӯроке, ки ба мо медоданд, як бӯи бад дошт, намдонам ба чи монанд буд...

TojNews: Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба суроғатон нарафтанд? Аз Шумо хабар гирифтанд?

Манучеҳр Амонов: Дар 45 рӯзи зиндонӣ буданамон, ягон нафар аз сафорат ба назди мо наомадааст, то вақте ки қарори суд дар бораи ихроҷи ман набаромад. Вақте қарори суд нисбати ман баромад маро аз Самарқанд ба шаҳри Тошканд оварданд. Ба гуфтаи мақомоти ӯзбак бояд дар сафорати Тоҷикистон дар як ҳуҷҷат мӯҳр мегузоштаанд. Рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта ба сафорат рафтем. Он рӯз сафорат кор намекарданд. Рӯзи чоршанбе дубора ба сафоратхона омадем. Аммо дар онҷо низ бархурд хашин буд, намедонам чаро?

Як корманди баландмақоми сафорат, ростӣ ному насабаш дар ёдам нест, ба қаҳр мегуфт, “шумо панҷакентиҳо нависандаю ким чиҳо навистаед”. Ман ба ӯ гуфтам, ки ман нависанда не, танҳо ба ҳуҷҷат муҳр гузор, то аз ин ҷо равам. Хеле суханҳои пасту баланд гуфта, баъд мӯҳрашро ба ҳуҷҷат гузошт. Дар назди ӯзбакҳо маро хеле таҳқир карда, паст заданд. Ин суол то ҳол дар зеҳнам мечархад, ки пас чаро сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбакистон фаъолият мекунад, барои киву чӣ? Магар онҳо вазифадор нестанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин кишвар ҳимоя кунад? Дар давоми ин муддат наздик буд, ба бемории рӯҳӣ гирифтор шавам.

10-уми октябр хонадор шуда будам, 21-уми октябр дар маҳбас будам.  Моҳи “асал”-ро ба қавле ҳамонҷо гузаронидам.

TojNews: Дар боздоштгоҳ оё ҳамроҳатон ягон тоҷики дигар буд?

Манучеҳр Амонов: Бале як зан буд, ки якбор дар назди дари боздоштгоҳ дида будам. Ба гуфтаи худаш ӯ ҳам аз шаҳри Панҷакент будааст. Он зан ҳомиладор буд ва ба ман нақл кард, ки ӯро низ боздошт карда ба инҷо оварданд. Тақдири ӯ низ мисли тақдири ман будааст, ба ӯ низ касе телефон намедод ки ба хонаводааш хабар диҳад. Аммо ман ин занро ҳамагӣ як маротиби дидам ва тафсилоти боздошти ин занро напурсидам, ки чигуна ба инҷо афтодааст.

TojNews: Ҳоло худатонро чи тавр эҳсос мекунед?

Манучеҳр Амонов: Баъди ин ҳама азият бояд чи хел эҳсос кунем. Як муддат бояд дар паи табобат машғул шавам. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

точики мо дар кучое ки набошад дар пасти мезанад ин кормандони хукумат бошанд ба ким кадом корхои бемаъни машгуланд о ту аз холи як шахвандат ки кариб 45 руз дар дузах буданд хабар нагирифтед боз вакте барои печате ки мезанен ин бечораро дашном медихед э мур номард . хамин корманди сафорати точикистон ки дар узбекистонаст ному фамилияша гуед сахарда оварда дар махкама мешинонамша беакла номарда .... ин хел беномусхоро аз вазифа дарав пеш кардан дар кор .холо он занеки дар ончо хаст ки ба додаш мерасад .
Вой бар холи мардуми Панчакенти бостони. дар Хучанд онхоро "Кашкар", "мастчои" дар Душанбе бошад "Ленинободи", хукуматдорон бошанд " Нависандахо", "Хамшахрихои Дадочон", "Оппозитция" мегуянд, ин мардуми сарсахт чи кор кунаду кучо равад? Аз самарканд чудо шудани Панчакент хатогии сахти тарихист...... Самаркандро ба Панчакент пайваст кардан даркор
Бояд хукумати ЧТ ба Узбекистан рафта бипурсанд аз ахволи он зан бохабар шаванд
точик сохиб дошта бошад инхел намекунанд.
Салом, ман агар Сафир е дар сафорат кор мекардам рости худ истеьфо дода аз вазифа мерафтам. Шумо як бор раводид (виза) гири назди сафорат равед, бар холи давлату миллат гиря мекунед.......

Шояд шумо суол ё назаре доред?