Маликаи зебоии Чех Ислом овард

Маликаи зебоии Чех, зебосанами олам Маркета Коринкова ислом овард ва қасди зистан дар Аморати Муттаҳидаи Араб кард.

Вай дар Дубай, ки акнун бояд дар он шаҳр зиндагонӣ кунад, расман дар ин бора хабар дод. Ҳамзамон бо ин гуфтааст, ки номашро Марям мегузорад.

Маркета Коринковаро мавқеъи зан ва эҳтироми ӯ дар ҷомеаи исломӣ водор кардааст, ки ҷузъе аз ин ҷомеа бошад. Вай гуфтааст, ки зиндагии мусалмонон ва таълимоти исломиро аз хурдӣ барояш дигаргуна таълим дода буданд ва гумон намекард, ки рӯзе вай воқеъиятро дармеёбад. Дар ҷумуҳии Чех ҳамеша мегуфтанд, ки бонувони мусалмон ҳама ҳуқуқҳои худро аз даст додаанд ва ҳамеша аз ҷониби мардон мавриди истисмор қарор мегиранд. Аммо се соли охир вай имкон дошт ислом омӯзад ва зарфи ин муддат дар сараш ғояи гаравиш ба Ислом пӯхта расид ва ҳоло ин корро бо амри дил анҷом додааст.

Маҷаллаи арабии “Ал-Қудс ал-Арабӣ” навиштааст, ки Маркета Коринкова як бонуи машҳур дар олам аст, ки хеле мухлисону ҳаводорони зиёд дорад. Вай ҳам тарроҳи машҳури либос, ҳам модел ва ҳам ҳунарманди синамост. Ҳатто дар филмҳои Ҳоливуд дар нақшҳои асосӣ бозидааст.

Замоне Директори Киноакадемияи FAMU дар Порис будааст. Дар Лондон корхонаи либосдӯзӣ дорад ва дар Прог соҳиби ширкати реклом аст. Магистри адабиёти инглис буда, ҳамчунин хатмкардаи коллеҷи санъати Шоҳигарии Британиё ва магистри  синамо ва телевизион аст. Ҳатто замоне дар ВВС ҳам кор кардааст. 

Вале ин ҳама барояш он лаззати маънавиеро, ки мехост дошта бошад, намедод. Вай ин ҳамаро умре дар иботадгоҳи масеҳиён меҷуст, вале беҳуда. Аммо омӯзиши Ислом дарҳои олами навро ба рӯяш боз кард ва ӯ бори аввал кашф намуд, ки Ислом нақши занро дар ҷомеа дар болотарин сатҳ медонад ва ба вай эҳтиром қоил аст. Аммо дар Ғарб озодии зан аз бозие беш нест.

Маркета Коринкова баъди гаравидан ба оини муҳаммадӣ пӯшиши исломиро низ пазуруфт ва ҳоло қасд дорад дар Дубай зиндагӣ ихтиёр кунад, то имкони бештаре барои омӯзиши асосҳои Ислом дошта бошад.  

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

тоҷнюси гиромӣ хабара сопипест кардӣ(бидуни тағир дар матн ва ҳатто ҳамон акс) аммо ҷуръат накардӣ манбаашро зикр кунӣ!
Ислом ба иваз намудани ном ниёз надорад
заб аҳмақ будааст баъди як сол боз христианка мешавад
Ахмак туйи, ки ба дарк дарунии ин одам нарасидаи
Ачаб шудааст. Акнун чахон гулобод мешавад. Чанги шиаву сунни тамом мешавад. Ха ха ха. Хеч аз хамин пастихо боло нарафтем дия

Шояд шумо суол ё назаре доред?