Мактуби кушоди ҳунармандони Театри Маяковский ба "Пешвои миллат"

Ҳайати эҷодии Театри Маяковский аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки театрро аз нобудӣ халос кунад.

Дар мактуби кушодаи ҳунармандони ин театр, ки ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат ва кафили ҳуқуқҳои конститутсионӣ навишта шудааст, гуфта мешавад, ки дар назар аст бинои театр пурра аз миён бардошта хоҳад шуд ва театри русзабони пойтахт ба бинои кинотеатри “Тоҷикистон”, ки дар канори шаҳр воқеъ аст, кӯчонида хоҳад шуд.

Муаллифони ин мактуб изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бинои кинотеатри “Тоҷикистон” умуман ба кори театр мувофиқ нест ва ин амр ба нобудии театри давлатии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе оварда мерасонад. 

Ҳамчунин ҳунармандон аз он ки дар саҳнам ин театр барои аввалин бор Ҷумҳурии мустақил шудани Тоҷикистонро дар ҳайати СССР эълом намуда буданд, як макони таърихӣ будани онро хотиррасон кардаанд. 

Бино ба гуфтаи муаллифони ин мактуби кушод, кӯчонидани театр аз маркази пойтахт, ки ҳоло нақши муаррифгари таъриху ҳунарро ба сайёҳони шаҳри Душанбе иҷро мекунад, ба нобуд шудани фарҳанги театрии рус дар Тоҷикистон оварда мерасонад.

Онҳо гуфтаанд, баъид нест, ки баъди кӯчонидани театр ҳунармандон, аз ноумедӣ кишварро тарк бикунанд.

Онҳо гуфтаанд, мо дар ҳақиқат аз он ки дар фестивалу намоишномаҳои гуногун ғолиб омада, боиси садо додани оҳанги марғуладори гимни Тоҷикистон мегардем, ифтихор мекунем. Се театри пойтахт, Театри Маяковский, театри академи драммавии ба номи Лоҳутӣ ва театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарвоқей дар шиносоии сайёҳон ва шаҳрвандон бо фарҳанги ғании ватани нақши муҳим доранд.

Онҳо бо изҳори эътиқод ва боварӣ ба Президент, аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки фарҳангу ҳунари русро дар Тоҷикистон аз нобудшавӣ  ҳифз кунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати шаҳри Душанбе, эълон карда буд, ки дар пайи амалӣ шудани нақшаи генералии пойтахт, бинои Театри Маяковскии пойтахт, аз миён бардошта хоҳад шуд.     

 

Назарҳо

, ба нобуд шудани фарҳанги театрии рус дар Тоҷикистон оварда мерасонад. ВААЙ, АКУ ЧИКО МЕКАДА БОШЕМЭЭЭЭ,,,

Шояд шумо суол ё назаре доред?