Мақомоти Туркманистон 150 нафарро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ифротиҳо боздошт кардаанд

Дар чанд вақти охир мақомоти Туркманистон ҳудуди 150 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротиву террористӣ боздошт кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, мақомоти қудратии Туркманистон боздошти нафаронеро, ки дар ҳамдастӣ бо баъзе гурӯҳҳои силоҳбадаст гумонбар дониста мешаванд, идома медиҳанд. Тайи чанд рӯзи ахир дар ин кившар зиёда 150 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳҳои сиҳолбадасти Афғонистон дастгир карда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карданд.

Мақомоти Туркманистон пеш аз ин моҳи феврали соли ҷорӣ низ дар митнақаи Теджен як гурӯҳи бисёрнафараро низ дастгир карда буданд.

Дар ҳамин асно 11-уми апрел 12 ҷавони то 30-солаи ришдореро низ аз дохили як масҷиди маҳаллии деҳаи Чоганлии Теджен, ки дар ҳавлии як хонаи истиқоматӣ сохта шуда буд, боздошт карда, хонаро хароб карданд ва баъди чанд муддат 5 нафари ин дастгиршудаҳоро озод, боқӣ 7 тани дигарро маҳбас кардаанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?