Маҷмааи савдои “Пойтахт-90” боз бе раҳбар мондааст

Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори “Пойтахт-90” озмун эълон кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, озмун аз 20-уми август то 20-уми сентябри соли равон гузаронида шуда, 24-уми сентябр ҷамъбаст мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Мақомоти шаҳри Душанбе, довталабон барои ишғоли вазифаи мазкур бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё  донишкадаҳои  хориҷи кишварро бо ихтисоси тиҷорат, иқтисодчӣ, иқтисоди ҷаҳон, умури савдо, молшинос, менеҷмент ва ташкили савдои ҷаҳони муосир хатм намуда, на кам  аз 5  сол таҷрибаи  кории  роҳбарикунанда дар соҳаи савдо, тиҷорат, соҳибкорӣ доранд ва аз истифодаи технологияи иттилоотию таҷҳизоти навини соҳаи савдо бархурдоранд, забонҳои русӣ ва англисиро медонанд, афзалият дода  мешавад.

Шаҳрдори Душанбе дар ҳоле аз эълон озмун барои ишғоли вазифаи директори Маҷмааи “Пойтахт-90” хабар медиҳад, ки ба таини директори қаблии он ҳанӯз як соли нагузаштааст.

Моҳи декабри соли гузашта Қосимҷон Усмонов ба ин вазифа таин шуда буд. Аммо то ҳол сабабҳои барканории ӯ расман шарҳ дода нашудааст. Ӯ баъд аз 4 моҳи фаъолияти ин муассиса ба он директори таин шуда буд.

“Маҷмааи савдои Пойтахт-90” моҳи сентябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Коршиносон, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз гаронии тарҳи бозор, ки хеле бошукӯҳ ва бо харҷи 205 млн сомонӣ, муодили 40 млн. доллари ИМА бунёд шудааст, интиқод карда буданд.

Меъмории бино он имкони ҷойгир кардани теъдоди зиёди дукону мағозаҳоро надорад. Бо ҳисоби коршиносон, сарфи 40 млн. доллар барои 900 ҷойи корӣ, хеле гарон ва ғайриоқилона аст.

Коршиносон қаблан гуфта буданд, ба ин маблағ, 40 мактаб сохтан мумкин буд, ки ҳар кадом дорои 630 ҷойи нишаст ва 100 ҷойи кории наву доимӣ мешуданд. Ва ҳол он ки дар пойтахт ба мактабҳои миёна талабот бештар аст, -таъкид мекунанд коршиносон.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?