Леонардо ди Каприо барандаи ҷоизаи “Оскар” шуд

Ҳунарманди машҳури синамои Амрико Леонардо ди Каприо барои иҷрои беҳтарин нақши нақши мард дар филми “Бархоста аз гур” барандаи ҷоизаи “Оскар” шуд. 

Сужаи филм ин аст, ки шахсе бо номи Ҳей Клос аз сокинони навоҳии марзӣ ва ваҳшии Амрико дар охири қарни 19 пас аз ин ки мавриди ҳамлаи як хирси ваҳшӣ қарор мегирад,  дар сарзамин сард ва дурафтода аз ҳамроҳонаш раҳо мешавад. Ва филм ҳама сарнавишти даҳшатовари ин мардро дар танҳоӣ ҳикоят мекунад.

Ҳунарманд дар маросими эътои ҷоиза суханронӣ кард ва аз он ки як бахши муҳими филм дар бораи иқлим ва тағйироти он нақл мекунад, гуфт: тағйироти иқлим ин як воқеъият аст, он таҳдиди амалӣ ба инсоният ва ҳамаи мавҷудоти олам мебошад.

Ин шашумин бор буд, ки ҳунарманд ба ин ҷоиза пешниҳод мешуд, вале бори аввал онро ба даст овард. Соли 1994 вай барои иҷрои нақши дуввум дар филми “Чӣ чизе Гилберт Грейпро озор медиҳад?” пешбарӣ шуд, вале ноком монд.

Баъдтар барои филмҳои “Авиатор” (2005), “Алмоси хунин” (2007), “Гург аз Уолл-стрит” (2014) низ муддаии “Оскар” шуд, ки боз ҳам ноком шуд.  Ва ниҳоят охири ооли гузашта барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Бархоста аз гур”  соҳиби Глобуси тиллоӣ гардид.

Леонардо де Каприо ба бинандагон аз филмҳои “Титаник”, “Оғоз”, “Алмоси хунин” ва даҳҳо филми дигар ошност.   

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?