Леонарда де Каприо, Силвистер Сталоне, Леди Гага ... аз ғолибони “Глобуси тиллоӣ”

Дар Лос-Анджелеси ИМА 73-умин маросми эътои ҷоизаҳои Анҷумани байналмилалии “Глобуси тиллоӣ” баргузор шуд.

Гуфта мешавад, барандагони ин ҷоиза муддаиёни эҳтимолии ҷоизаи байналмилалии “Оскар” хоҳанд буд.

Филми “Бархоста аз гур” соҳиби се ҷоиза:беҳтарин филми драмавӣ, беҳтарин коргардон ва беҳтарин ҳунарпешаи мард шуд.  

Беҳтарин ҳунарманди нақши дуюм аз миёни бонувон Кейт Уинслет, ҳунарпешаи британиёӣ аз филми “Стив Ҷобс” эълон шуд. Ӯ дар ин филм нақши дастёри Стив Ҷобсро мебозида буд.

Барои офаридани нақши дуюм дар сериёлҳо Мора Тирни (филми “Ошиқон”), беҳтарин ҳунарманди мазҳака Рэйчел Блум  ("Девонаи собиқ”), беҳтарин филми мазҳакавӣ “Мотсарт дар беша”ва беҳтарин минисериал ё филми телевизионӣ  филми Би-би-си “Толори гург” шоиста дониста шуданд. 

Ин бор Мэтт Дэймон беҳтарин ҳунарманди мард дар офариниши мазҳака ва Ҷонн Хэмм беҳтарин ҳунарманд дар сериёлҳои сол дониста шуданд.

Филми “Стив Ҷобс” ҷоизаи беҳтарин сенарияро дарёфт кард ва ҳунарманд Силвистер Сталоне аз филми “Крид: мероси Рокки” беҳтарин ҳунарманди мард дар иҷрои нақши дуюм дониста шуд.

Аз санъаткорони барои аксарият шинос Леонардо де Каприо ҳунарманди беҳтарин барои нақш дар филми “Бархоста аз гӯр”, Леди Гага беҳтарин ҳунарманди филми телевизионӣ, Бри Ларсон беҳтарин нақши зан дар филми “Утоқ”эълон шуданд. Леонардо де Каприо аз муддаиёони дигари ин ҷоиза Брайан Крэнстон («Трамбо»), Майкл Фассбендер («Стив Ҷобс»), Эдди Редмэйн («Духтар аз Дания») ва Уилл Смит («Мудофеъ”) овози бештар дарёфт намуд.

Беҳтарин филми хориҷӣ “Писари Саула” аз Маҷористон дониста шуд. Соли гузашта ин ҷоизаро филми коргардони рус  Андрей Звягинсев "Левиафан" дарёфт карда буд.

Ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” аз соли 1944 таъсис шуда, ҳар сол эъто мегардад. Ин анҷумани расонаҳои хориҷӣ буда, дар он тақрибан 90 журналисти байналмилалӣ, ки дар Ҳоливуд кор мекунанд, узвият доранд. 

Copyright @2016 TojNews 

Назарҳо

номҳояшонро дуруст нависед

Шояд шумо суол ё назаре доред?