Латукӯби сокини ҷавони пойтахт дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ”

Ду сокини 21-солаи пойтахт барои авбошӣ ва латукӯби як ҷавон дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ” боздошт шудаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин ҷавонон шоми 9-уми август, дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ” як ҷавони 18-соларо бе ягон асос дашномҳои кабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб намуда, сипас бо корд ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

“Ҳангоми рух додани ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.”

Дар ВКД мегӯянд, феълан нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?