Куштори ваҳшиёнаи посбон дар ноҳияи Ҳисор

Дар ноҳияи Ҳисор як посбони корхонаи коркарди чӯбу тахтаро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, бо иттиҳоми куштори посбони 62-сола як сокини 26-солаи ҳамин ноҳияро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршаванда шаби 27 ба 28-уми марти соли равон  тахминан соати 01:00 дақиқа бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ, ба назди посбони корхонаи коркарди чӯбу тахтаи ҶДММ “Ар-ар” омада, бо корди худсози дар дасташ буда 22 маротиба ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, бо як бераҳмии махсус ба қатл расонидааст.

“Сипас, қотил сандуқи оҳанини қаровулхонаро кофтуков карда, маблағи пулӣ меҷӯяд, аммо пул наёфта, аз амборхонаи корхонаи мазкур  як бастаи арраи оҳанбуриро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад. 

Copyright @2016 TojNews

 

Назарҳо

мутаассифона ҳукми қатл мораторий шудааст

Шояд шумо суол ё назаре доред?