Кушода шудани дари бозорҳои Душанбе зери назорати шадиди амниятӣ

Бозорҳои калонтарини шаҳри Душанбе дубора ба фаъолият оғоз кардаанд.

Бино ба гуфтаи Сайфулло Амонов, сардори Раёсати иқтисод ва бозорҳои пойтахт, бо боз шудани дари бозорҳо тадобири амниятӣ дар онҳо пурзӯр карда мешавад.

Қаблан шаҳрдорӣ иттилоъ дода буд, ки аз 6 то 10-уми сентябр дари бозорҳори калонтарини шаҳри Душанбе баста хоҳанд буд.

Ба гуфтаи Сайфулло Амонов, барои омодагии пойтахт ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолият  6-уми сентябр дар ҳамаи бозорҳо таътил эълон шуда буд.

Аз субҳи 7-уми сентябр бозорҳои асосии шаҳри Душанбе аз қабили  “Саховат”, “Корвон”, “Шоҳмансур”, “Сулони Кабир” ва марказҳои тиҷоратии “Панҷшер” ва “Ганҷина” дари худро ба рӯи харидорон боз карданд. 

Дар шаҳри Душанбе 28 бозор фаъолият дошта, аз он 5 ададаш давлатӣ ва боқимондааш хусусӣ мебошад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Неки нафахмидм яруз меган таътил якхафта ярузи дига меган хуян бозоро. Мардм овора шдаа. Cурати зур ай соли 1997 боша чи хамаш мошинои союзан.

Шояд шумо суол ё назаре доред?