Кӯшиши номуваффақи ғорати "Агроинвестбонк" дар Данғара

Дар Данғара сокини 22-солаи ҳамин ноҳия ба роҳзанӣ ва ҳамла ба бинои "Агроинвестбонк" муттаҳам мешавад. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 19-уми апрел, тахминан соатҳои 04:30 дақиқа як нафар бо зӯроварӣ вориди бинои "Агроинвестбонк" шуда, муҳофизро бо 17 зарби корд маҷруҳ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.   

Корманди 36-солаи милиса, ки бинои бонкро муҳофизат мекард, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфта, гумонбар боздошт шудааст. 

Тафтишоти пешакӣ дар робита ба ин қазия идома дорад. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

номуваффақ бошаду, лекин муҳофиз 17 зарби корд гирифт. Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Калити сейф дар дасташ нест Чӣ хел ин чинояткор "бо зӯроварӣ" ворид шуд? Оё милиса кнопкаи хатар надорад? Ё ки ҳамаашон хобу бепарво буданд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?