Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба 7,19 сомонӣ расид

Қурби расмии як доллари ИМА дар Тоҷикистон ба 7 сомониву 19 дирам баробар шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон 7-уми январ қурби расмии як долларро баробар ба 7.1998 сомонӣ эълон кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон қурби як еврои Аврупо баробар ба 7 сомониву 74 дирам (7.7448) ва қурби як рубли русӣ баробар ба 0.1020 нишон дода шудааст.

Нисбат ба як рӯзи пеш қурби сомонӣ нисбат ба доллар 2 дирам поин рафтааст. Дар оғози ҳафтаи корӣ дар соли равон, 4-уми январ Бонки миллӣ эълон карда буд, ки қурби як доллари ИМА ба 7,11 дирам баробар мебошад. Ин нишондод нисбат ба ҳафтаи охири соли гузашта 15 дирам бештар буд.

Ҳоло қурби 100 доллари ИМА дар бозори “сиёҳ” ҳудуди 780 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳамон ҳам бо душворӣ дастрас мешавад.

Дар соли 2015 қурби пули миллӣ – сомонӣ дар баробари доллар дар бозори нақдӣ 37% коҳиш ёфта буд. Бино маълумоти расмӣ, аз оғози сол то нимаи моҳи декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,9212 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 30 фоиз коҳиш ёфтааст.  Қурби доллар дар бозори нақдӣ аз 5,47 сомонӣ то ба 7,45 сомонӣ барои 1 доллар ё 37,1 фоиз баланд шуд.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

ин дар табло 7,19 дар чорни ринок 820 сомон тугри кунед хатоятона ?????????????????

Шояд шумо суол ё назаре доред?