Қурби доллар дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафт

Қурби доллари ИМА дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ боз ҳам боло рафта, ба марзи 8 сомонӣ наздик мешавад.

Аз субҳи 26-уми апрел дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ 100 доллари ИМА ба 793 сомонӣ харид ва бо 795 сомонӣ фурӯхта мешавад. Инчунин чандин корафтодаҳо мегӯянд, пайдо кардани доллар дар бонкҳо як “муъҷиза” аст.

Баланд шудани қурби доллар дар ҳолест, ки як рӯз пеш 25-уми апрел 100 доллари ИМА ба 792 сомонӣ ва оғози ҳафтаи гузашта ба 788 сомонӣ иваз мешуд. Аммо қурби расмии сомонӣ аз моҳи феврал ба ин тараф то ҳол бетағйир аст. Тибқи нишондоди сомонаи Бонки миллӣ қурби расмии 100 доллари ИМА ҳоло ба 786 сомонӣ баробар аст.

Пас аз таваққуфи қариб думоҳа ва қабули тағйиротҳои нав ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ қурби доллар дубора майл ба болоравӣ дорад.

Тибқи омори БМТ, соли гузашта қурби расмии аз 5,30 сомонӣ то 6.99 сомонӣ ё 31.7 фоиз паст шудааст. Қурби бозории он бошад аз 5.47 сомонӣ то 7.58 сомонӣ паст шуд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?