Кӯр ва фалаҷ. Зиндагии одамӣ рабте ба дин дорад?

Ин тасвир ба соли 1889 дар Шом (Димишқ) гирифта шудааст.

Марде, ки дар самти чап қарор дорад, номаш Муҳаммад, мусалмон ва кӯр аст. Марде, ки дар самти рост ва бар пушти ӯ қарор дорад, номаш Самир, масеҳӣ ва кӯтоҳқади фалаҷ аст.

Самир барои убур аз кӯчаҳои серодами Шом ба поҳои Муҳаммад ва Муҳаммад барои ёфтани роҳаш дар ҳамон кӯчаҳо ба чашмҳо ва роҳнамоии Самир ниёз дошт.

Фақат яке аз онҳо қодир ба дидан ва фақат яке ба роҳ рафтан буд. Ҳар ду ятим буданд, хонаводае надоштанд ва дар як хона зиндагӣ мекарданд. То замони марг бо ҳам зистанд ва замоне, ки Самир фавт кард, Муҳаммад он қадар дар утоқашон гирист, ки пас аз муддате кӯтоҳ диққи марг шуд.

Фуқаро ва ситамдидагон дин ё нажод надоранд. Онҳо, ки ба дин, ватан, парчам ва нажодпарастӣ ниёз доранд, сарватмандон ҳастанд, чун барои ҳифзи ҳукмрониашон бар ин табақаи зери по монда ва ҷилавгирӣ аз як шудани онҳо беҳтарин силоҳ дин, забон, нажод, ватан ва парчам ва танҳо сармояашон ҷомеаи гирифтори бовар ба қазо ва қадар аст...

 аз саҳифаи фейсбукии Самеъ ҲАБИБЗОДА, Кобул

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Бехтарин суханхои хар даврузамон. Аммо афсус, ки ин чиро танхо факир, камбагал, ночор, дармонда ва монанди инхо дарк карда метавонаду халос. Барои синфи доро, танхо бо хар роху восита зиёд кардани молу сарват ва васеъ намудани худудхои бештар.
аз ин макола рохат кардам. Яе бор ним бор хамин хел масъалахои инсониро хам бардошта истед хеле хуб мешавад. Рахмат
Фуқаро ва ситамдидагон дин ё нажод надоранд??? Не ин сухан тамоман хато аст, вакте ба таърих назар мекуни мебини аксари мусалмонон фукаро ва камбагал буданд ва аксари куффору мушрикон сарватмандон ва мутакаббирон буданд. Ва тамоми Паембарони Илохи ба чуз Сулаймон алайхиссалом камбагал буданд. Боз Аллох Таоло донотар аст
бародар нодуруст фахмиди матлабро! гап дар бораи суистифода аз дин рафта истодааст, на худи дин. Гуфта истодааст, бин, ки мусулмони кур ба чашмони нобинои насрони эхтиёч дорад, насронии фалач ба пойхои мусулмон. Аммо дар чахон лофи дину дигару дигарро барои кудрату сарват ёфтан мезананд.
Факр остонаи куфр аст.
димишк (шом)(cурия) имруз кади чуйхои куча хуни одами меравад ба чои об...ин касофатии ана хамон рассомону хайкалтарошон аст ки мардумро ба нобуди бурданд..
Саломалейк. Зиндагӣ бидуни дин ва ё бе дин ҳеҷ ммаъное надорад ва инро имрӯза ҳама дарк кардаанд. Зеро як зиндагии бемаъне аст. Пуч ва холӣ ва бе ҳадаф. Сарватманди оқил ва фаҳмида ҳамеша дар роҳи ҷамъи туша ва озуқаи роҳи охирати худ аст. Интавр нест, ки ҳамаи сарватмандон фақат ва фақат ба фикри зиёдии мол бошанду ба фикри охират не. Аммо камбизоат дар ҳама замон буда ва ҳаст ва сарватмандҳам. Камбзоате ҳаст ки дунёаш туҳидастӣ вале тушаи роҳи охираташ пур. Ва ҷомеаи башарӣ ва ҳамин минвол меравад ва дар ҳаракат аст. Рӯзе ҳарду мемиранд ва дар маъракаи ҳисобот маълум мешавад ки чи касе баранда аст ва чи касе бозанда!
Кристиан Фурхтегот Геллерт (1715-1769) бузургмарди олмони Кур ва ланг Боре куру ланг дар рохе бо хам бархурданд. Кур аз ин тасодуф фоли нек гирифту хурсанд шуд, ки нихоят касе пайдо шуд, то ба у рохро нишон дихад. Марди ланг гуфт: Охир мани бечора худам рох рафта наметавонам, чи тавр ба ту ёри расонам? Лекин ба назарам ту барои бардошта бурдани бор шонахои тавоно дори. Агар маро ба пуштат савор куни, туро рохнамои мекунам. Бигузор пойхои бакуввати ту пойхои ман бошанду чашмони равшани ман чашмони ту. Сипас ланг асо дар даст руи шонахои пахни марди кур махкам чой гирифт. Ин чуфт ба иттифоки хамдигар кореро анчом доданд, ки хеч яки аз онхо ба танхои аз ухдаи он баромада наметавонист. Панд: Дар хакикат, каси дигар сохиби чизест, ки ту онро надори. Дар навбати худ дигарон аз он чизе, ки ту дори, махруманд. Хамин норасоист, ки инсонхоро ба хам зарур ва хаммуошират месозад. Агар каси дигар аз истеъдоде, ки худованд ба у арзони фармудааст, бенасиб намебуд, у на дар фикри ман, балки пойбанди андешаи худ мебуд. Аз ин руй шукри кирдугорро ба чо ору шикоят накун! Агар офаридгор на туро, балки каси дигарро бартари дода бошад, ин факат ба хотири он аст, ки у бо хам карину хаммуошират намудани моро мехохад. Тарчумаи шодравон Шерали Рахим

Шояд шумо суол ё назаре доред?