Кумитаи дин дар Душанбе барои зоирони Ҳаҷ-2015 роҳбалад меҷӯяд

Кумитаи оид ба корҳои дин Озмуни роҳбаладони Ҳаҷ-2015-ро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба анҷом расонда, дар Душанбе озмун эълон кардааст.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба TojNews гуфт, ки Озмуни роҳбаладони зоирони Ҳаҷ-2015 тайи ду ҳафтаи гузашта дар вилоятҳои Суғду Хатлон баргузор шудааст.

Вай афзуд, дар назар аст, Озмуни роҳбаладони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ охири ҳафтаи ҷорӣ ё ибтидои ҳафтаи оянда баргузор гардад.

Ба гуфтаи Афшин Муқим аз 66 иштирокчии Озмун дар вилояти Суғд 37 нафар ва аз 95 иштирокчии Озмун дар вилояти Хатлон 43 нафар комёб гардидаанд. Ба ибораи дигар, аз 161 нафар довталабони ин Озмун дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон 80 нафари онҳо аз имтиҳони Кумитаи оид ба корҳои дин гузаштааст.

Кумитаи дин барои сафарбар кардани 6 ҳазору 300 зоири тоҷик дар мавсими Ҳаҷ-2015 ҳудуди 150 нафарро бар асоси шартнома роҳбалад қабул мекунад. Ҳар як роҳбалад вазифадораст, ки масъулияти 40-45 зоирро бар уҳда гирифта, ҳангоми адо кардани рукнҳои Ҳаҷ зоиринро раҳнамоӣ ва роҳбаладӣ кунанд.

12-уми январи соли ҷорӣ Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2015” ин озмунашро эълон карда буд.

Copyright © 2014 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?