Кумитае дар Конгресси ИМА Покистонро пуштибони терроризм хонд

Кумитаи равобити хориҷаи Конгресси Амрико бо ташкили як ҷаласа сиёсатҳои Кохи Сафед дар мавриди Покистонро баррасӣ кардааст. 

Сенаторони ин Кумита гуфтаанд, ки таҷрибаи даҳ соли охири кӯмакҳо ба Покистонро таҳлил карда ва ба хулоса омадаанд, ки ҳар гоҳ Исломобод аз Вашингтон пул дарёфт мекунад, онро барои хунсо кардани талошҳои сулҳхоҳонаи Амрико дар минтақа масраф менамояд. 

Сенаторони амрикоӣ мегӯянд иддаои Покистон дар мавриди ҷангаш бо терроризм беасос аст, чун бо гуруҳҳое, ки онро Амрико террористӣ унвон кардааст, кор надорад ва ба онҳо иҷозаи фаъолият медиҳад. Артиш ва хадамоти ҷосусии ин кишвар ҳамоно бо гуруҳҳои террористӣ ҳамкориҳои наздик дорад ва ин гуруҳҳоро на танҳо дар қаламрави худ паноҳ медиҳад, балки таъминоти молӣ мекунад. 

Сенаторони амрикоӣ талаб кардаанд, ки Амрико бояд кӯмакҳои низомӣ ва молиявии худро қатъ кунад ва бо Покистон ин гуна равобит надошта бошад. 

Манобеъи расмӣ мегӯянд дар ин ҷаласаи Конгресс 3 нафар, аз ҷумла Зулмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистон ва Ироқ  чун шоҳид даъват ва суханронӣ кардаанд. 

Аз ҷумла Халилзод гуфтааст, ки Покситон дар ҳақиқат аз ин гуруҳҳои террористӣ ҳимоят мекунад. Вай ҳатто пешниҳод кардааст, ки номи Покистон дар рӯйхати кишварҳое шомил карда шавад, ки пуштибони терроризм ҳастанд.     

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?