Кӯмакхоҳии Бишкек аз СПАД барои ҳалли муноқишаи марзӣ бо Тошканд

Алмосбек Атамбоев, президенти Қирғизистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ расман муроҷиат кард, то дар ҳалли буҳрони марзии ин кишвар бо Ӯзбакистон кӯмак кунад.

Нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав навиштааст, ки бо ташаббуси Бишкек рӯзе қабл, 22-юми март дар Маскав  ҷаласаи Шӯрои доимии СПАД баргузор шуд, вале ба ҳеч қароре наёмад. Бишкек ҳатто таҳдид дорад, ки омода аст, муносиботи дипломатиаш бо Тошкандро қатъ кунад.

Владимир Зайниддинов, сухангӯи СПАД гуфтааст, ки ҳоло Бишкек умед ба кӯмаки ҳампаймонҳояш дар блоки низомии ИДМ бастааст, вале агар ҳалли ин масъала тӯл кашад, Қирғизистон метавонад дар иштирокаш дар ҷаласаи СҲШ дар Тошканд таҷдиди назар кунад. 

Рӯёрӯии марзӣ рӯзи 18-уми март ба вуқуъ пайваст. Ӯзбакистон бидуни огоҳӣ теъдоде аз неруҳои мусаллаҳ ва ду зиреҳпӯшашро ба як қитъаи баҳсии марзӣ интиқол дод ва бо ин амал ғазаби Бишкекро ба бор овард. 

Ӯзбакистон амали худро ба Наврӯз иртибот дод ва гуфт, ки ин як талоши таҳкими марз дар остонаи ҷашни Наврӯз буд ва ҳадафи дигаре надорад. 

Ҷониби Қирғизистон низ ба амале шабеҳи ин даст зад. Гуфтушунидҳо камтаъсир буданд ва ҳарчанд  рӯзи 20-уми март ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрди мусаллаҳона ҷонибҳо неруҳои худро аз 20 то 8-нафарӣ коҳиш доданд, вале аз ташаннуҷ коста нашуд.

Қирғизистон иддио дорад, ки Ӯзбакистон бо нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ба қаламрави ин кишвар ворид шудааст ва дар минтақаи баҳбарангези марзӣ неруҳои низомии худро мустақар кардааст.

Тошканд ва Бишкек дар муколама ин мушкилро натавонистанд ҳал кунанд, ин буд, ки Атамбоев ба СПАД муроҷиат кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки Бишкек як воҳиди ҷангии худро бо номи Скорпион ба минтақа эъзом кард.

 Муроҷиати Атамбоев ба СПАД роҳи ҳалли мушкил нест. Тавре коршиносон ибрози назар кардаанд, СПАД танҳо дар сурате амалан кӯмак мекунад, ки агар сарварони кишварҳои узв зарур донанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки давлатҳои аъзои СПАД то ин замон дар ҳама масоили баҳсӣ иттифоқи назар надоштанд. 

Иддае аз коршиносон ин амали Тошкандро ҳадафмандона медонанд ва мегӯянд Ислом Каримов бо ҳар васила мехоҳад ба бунёди неругоҳи бузург дар Қирғизистон монеъа эҷод кунад.

Давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия аъзо мебошанд. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?