Ковишгари амрикоӣ дари таҳқиқоти навро дар кайҳон боз мекунад

Ковишгари амрикоии Dawn моҳи марти соли 2015 ба мадори ҷирми осмонии Серера хоҳад нишаст.

Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба Ожонсии миллии кайҳонии ИМА (НАСА) иттилоъ додаанд.

Дар айни замон ин дастгоҳ, ки соли 2007 ба фазо партов шуда буд, дар масофаи 640 ҳазор километр аз сайёраи пакана қарор дорад ва бо суръати 725 километр соат ба самти он ҳаракат мекунад. 

Серера, ки диаметри он 950 километр мебошад, дар камарбанди шиҳобҳои осмонӣ миёни Марс ва Муштарӣ як ҷуссаи бағоят бузург ҳисобида мешавад.

 “Серера барои мо комилан як муаммост. Он чӣ, ки мо бо боварӣ метавонем пешгӯӣ кунем, он аст, ки мо дар тааҷҷуб хоҳем монд”,-мегӯяд намояндаи гуруҳи илмӣ  Кристофер Рассел.

Олимон бар ин назаранд, ки аксҳое, ки ковишгар бо наздик шуданаш ба сайёра охири моҳи январ ирсол мекунад, беҳтарин ва дорои маълумоти бештар аз ҳамаи он аксу маълумоте хоҳад буд, ки то имрӯз дастрас шудааст. 

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Dawn қисмати болоии ин ҷирми осмониро дар чанд зина меомӯзад. Аввал дар масофаи 13,5 ҳазор километр қарор мегирад ва баъдан морпеч то масофаи 4,5 ҳазор километр фуруд меояд. Бо ин “ҳаракати рақсӣ” ковишгар Серераро аккосӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки соли 2011 ковишгари  Dawn муддати 14 моҳ дар мадори ҷирми осмонии Весто қарор дошт.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?