Коршиносони Шӯрои ҷамъиятӣ аз "Вавилон-М" дифоъ карданд

Коршиносон дар Шӯрои ҷамъиятӣ аз сиёсати нодурусти ҳукумат интиқод ва аз ширкати “Вавилон-М”, ки ба иддаои мақомоти андоз 300 млн. сомонӣ қарздор шудааст, дифоъ карданд.

Шӯрои ҷамъиятӣ имрӯз 6-уми феврал Паёми ахири Президенти Тоҷикистонро ба Парлумон мавриди баррасӣ қарор дод.

Матлуба Улҷабоева, раҳбари Анҷумани тиҷорати хурду миёна аз ҷумла таъкид кард, ки дар омодасозии Паёми Президент бояд аз сарчашмаҳои боэътимод ва маълумоти санҷида истифода шавад.

-Президент як гапро мегӯянд, аммо ҳукумат ва блоки иқтисодӣ коре мекунанд, ки баракси ин гуфтаҳо мешавад, -гуфт хонум Улҷабоева.

Ҳамчунин Ҷамшед Исмоилов дар ин бора изҳори назар кард.

Коршиносон қазияи “Созидание” ва “Вавилон-М”-ро, ки ба иддаои мақомоти андози Тоҷикистон, гӯё беш аз 300 млн. сомонӣ аз андоз қарздор шудааст, - “мисоли равшан”-и ин гуфтаҳо номида, таъкид карданд, ки чунин сиёсати бемасъулиятона фазои сармоягузории кишварро бадтар хоҳад кард.   

Назарҳо

Мухтарам Улчабоева бисери зани босавод ва ростквал мебошанд, дар бисери мачлисхо ин зан руирост хаминхел гапхоро мегуянд, ки баъзе мардхо ба ин шучоат надоранд, бар падаратон рахмат хонум...Мухтарам Точнюс бехтар мешуд дар поёни хама суратхое, ки нашр мекунед номи насаби он одамро менавистед...рахмат
Ба Матлубахон Улчабоева хусни таваччухи баланд ва эхтиром пайдо кардам, аз падари бузургу хакталабу нотарс (худо рахмат кунад Турсун Улчабоевро) фарзанди баномус ва адолатхох ба дунё меояд, ин конуни худову табиат аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?