Коршинос: Фишанги иқтисоди мо дар дасти мо нест

Дар 4 моҳи аввали соли 2016 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,2% ё 135 млн. доллар коҳиш ёфтааст. Раванди коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли гузашта идома дошта, маълум нест ки кай ба анҷом мерасад?

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон,  давоми 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар мебошад.

Чарои тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 2 соли ахир коҳиш меёбад?  Зулфиқори Исмоилиён дар суҳбат ба “Нигоҳ” ин масъаларо шарҳ дод:

Солона ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 3 млрд. доллар маҳсулот ворид шуда, қариб 800 млн. содирот мешавад.  Яъне дар 3 соли ахир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ буд. Мо бештар мол ворид мекунем ва камтар содир.

Он 3 млрд. долларе, ки мо бо он маҳсулоту мол ворид мекардем аз ҳисоби пули муҳоҷирон буд,  ки ба Тоҷикистон ирсол мекарданд. Танҳо аз тариқи бонкҳо солҳои пеш зиёда аз 4 млрд. ирсол мекарданд. Муҳоҷирон пул ирсол мекарданд ва бо он пул хонаводаи онҳо аз бозор харид мекарданд, андоз ва маблағи обу барқро пардохт мекарданд. Вақтҳои ахир вуруди  доллар ба Тоҷикистон қариб то 90 дарсад коҳиш ёфт. Мо солона зиёда аз 4 млрд. доллар ворид мекардем соли гузашта зиёда аз 1 млрд ворид шуд, ки ҳамон ҳам бо рубли русӣ буд. Ба ҳамин хотир тоҷирони мо доллари зарурро надоранд ва ба ҳамин хотир савдои хориҷии мо коҳиш ёфт. Аз суи дигар тоҷиконеро, ки аз хориҷ мол меоварданд ва ё содир мекарданд ҳатман дар марз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз месупориданд. Он ҳам ба ҳисоби ман то 90 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба хамин хотир савдои хориҷии мо коҳиш ёфта истодааст ва эҳтимол ин раванд то чанди дигар давом кунад. Мо маҳсулоти тавлидотие надорем ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад. 

Яъне мо имрӯз чизе надорем, ки ба хориҷ содир кунем?

Ягона чизе, ки мо ба хориҷ мефурушем ин нерӯи кории арзон аст. Муҳоҷирон рафта дар хориҷ неруи кории худро мефурушанд ва доллар ворид мекарданд. Солҳои гузашта мо нахи пахта ва алюминий содир мекардем вале онҳо аз ба буҷети мо фоидаи кам ворид мешуд. Ин ҳам фақат андозаш на пули воқеияш.

Ин раванд то кай давом мекунад?

Ин раванд то замоне давом мекунад ки нархи нафт ба 100 доллар биравад в муҳоҷирон он маошеро бигиранд, ки солҳои пеш мегирифтанд.  Манзурам маош бо доллар аст. 2 сол пеш муҳоҷирон  имкони доллар харидани долларо доштанд, ҳоло чунин имкон хеле маҳдуд аст. Пештар агар муҳоҷире 60 ҳазор рубли русӣ маош мегирифт он қариб ба 2 ҳазор доллар баробар буд, ҳоло он ҳатто 1 ҳазор доллар намешавад. Ягона роҳаш баланд шудани нархи нафт аст, мутаассифона ба мо вобастагӣ надорад. Аммо агар мо хоҳем, ки ҷумҳуриамон худкифо бишавад бояд корхонаи саноатӣ созем ки мол тавлид кунем ва мо он молро ба хориҷ бурда фурушем.

 

Назарҳо

Неки, очаи гапа зади аки Зулфикори Исмоилиён!
бисёр олӣ устод Зулфиқор! беҳтарин таҳлил аз вазияти имрузи мо

Шояд шумо суол ё назаре доред?