Коргардони “Юсуф-пайғамбар” дар бемористон бистарӣ шуд

Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, коргардони маъруфи эронӣ, таҳиягари сериёли машҳури “Юсуф-пайғабар” дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ин бора хабаргузории Форс истинодан ба суханони писари коргардони маъруф Басир Силаҳшӯр иттилоъ додааст.

Басир Силаҳшӯр гуфтааст, ки “падарам рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба далели вахомати ҳолашон дар бемористони Бақиятуллоҳи Теҳрон дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ шуданд”.

Аммо писари коргардони маъруф бо сипос аз лутфи Парвардигор гуфтааст, ки “ тайи рӯзҳои ахир ва пас аз бистарӣ шудан бо дуои хайри мардум ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ овард”.

Форс навиштааст, ки Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр муддатест, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад ва то ин замон дар манзили худ бистарӣ буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?