Қонуни роҳпаймоиҳо ва “Ғайриҳукуматиҳо ҳукуматӣ мешаванд?” (19-уми ноябр)

Баррасии ин ҳафтаинаи мо, нашрияҳои "Миллат", "Озодагон", "Имрӯз Нюс" ва "Азия-плюс"-ро дар бар гирифта, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг раддабандӣ шуд.

 Сиёсат

“Миллат”  ҷаласаи сарони 20 кишвари санъатии олам дар Австралияро ба чолиш кашидааст ва баъди таҳлили коршиносонаи масоили сиёсии дар ҳошияи он баррасишуда ба ин хулоса расидааст: “... чизе, ки дар ин миён барои худи сокинони кураи хокӣ хушҳолкунанда бошад, вуҷуд надорад, зеро ин гароишҳо шояд барои коҳиши султаи Амрико ва афзоиши қудрати Русия ва блоки Шарқ муҳим ва муфид бошад, аммо дар як арзёбии куллӣ чизе бар зарби эманӣ ва оромишу суботи ҷаҳонӣ намеафзояд”.

“Азия-плюс”  баҳси парламонии лоиҳаи қонун “Дар бораи ҷамъомадҳо, митингҳо, эътирозҳо ва раҳпаймоиҳо”-ро мавзуъи асосии ин шумораи худ қарор додааст.  Дар суҳбат бо коршиносони масоили сиёсӣ, вакилони мардум кушидааст ҷиҳатҳои мусбату манфии ин лоиҳаи пешниҳодиро нишон диҳад. Аз ҷумла Саодат Амиршоева, вакили парламент гуфтааст, ин лоиҳаи қонун ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТиброз доштааст, ки ҷомеаи Тоҷикистон хеле демократӣ шудааст ва баргузории роҳпаймоиҳои осоишта бидуни мушкил хоҳанд гузашт. Коршинос Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки бо қабули ин лоиҳаи қонун ҳукуматдорон суботро бар зарари анъанҳои демократӣ интихоб мекунанд.

Иқтисод

“Озодагон” ба гузориши ассотсиатсияи TRACE Internional ва Маркази таҳлилии амрикоии Rand Corporation TRACE Matrix таваҷҷуҳ кардааст, ки Тоҷикистонро фасодзадатарин кишвари олам медонад. Нашрия навиштааст, ки дар рейтинги  TRACE Internional оид ба коррупсия Тоҷикистон аз байни 197 кишвари ҷаҳон дар раддаи 182 қарор гирифтааст.

“Имрӯз-Нюс» истеҳсол, интиқол ва фурӯши маводи мухаддирро “тиҷорати сиёҳ” номидааст ва дар як мақолаи таҳлилӣ, ки Агентии назорати маводи нашъаовар пешниҳод кардааст, навишта, ки мухаддироти афғонӣ масири худро ба самти кишварҳои Балкан тағйир додааст.

“Фараж” аз рӯйдоди ба вазири молия дарафтодани  Шукурҷон Зуҳуров ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода навиштааст ва гуфтааст, ки тибқи Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар ин маврид президент метавонад Қурбоновро огоҳӣ диҳад ва ё ҳатто аз мансабаш барканор созад. Баҳси соҳибмансабон асосан сари пардохт нашудани нафақаи  имтиёзии собиқадорони хизмати ҳарбӣ сурат гирифтааст, вале коршиносони мустақил гуфтаанд, ки баҳс танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда метавонад бидуни моҷаро ва интрига роҳи ҳалли худро ёбад.

Иҷтимоъ

“Озодагон” дар мақолаи “Ғайриҳукуматиҳо ҳукуматӣ мешаванд?” ба талошҳои вазорати адлияи кишвар дар бораи ҷамъоварии маълумот нисбати фаъолияти молиявию хоҷагидории созмонҳои ҷамъиятӣ руҷуъ кардааст ва навиштааст, ки ниҳоди мазкур аслан тибқи қонун ин гуна ваколат надорад. Ва мепурсад: Ба вазорати адлия чӣ зарурате ҳаст, ки созмонҳои ҷамъиятиро водор созад, то ба он маълумотномае пешниҳод кунанд, ки вазорати мазкур дар асоси оинномаи худ бо онҳо коре карда наметавонад. Посух ин аст, ки ба ин восита вазорати адлия  барои созмонҳои ҷамъиятӣ монеъаҳои  ҷиддӣ сохта, барои пиёда кардани фаъолияти касбии онҳо монеъа эҷод хоҳад кард”.

Фарҳанг

Бахши фарҳангии нашрияҳо мақолоти фаровонтар аз бахшҳои сиёсиву иқтисод доштааст. Чунончӣ, “Озодагон” мақолаи Кароматуллоҳи Шукруллоҳро дар бораи эҷодиёти нависандаи маъруфи кишвар Сорбон чоп кардааст ва муаллиф мегӯяд “ӯ адибест, ки ба касе монанд нест”.  Муаллиф аз сабки адабии адиби нуктасанҷ, аз забони шево ва мардумии асарҳои ӯ, аз саҳмаш дар тозакориҳо дар адабиёти тоҷик ситоиш мекунад. Ба андешаи муаллифи мақола  “забон дар дасти Сорбон абзори тадоъӣ ва ифшо аст”. Ва таҷрибаи эҷодии ӯро “шоирона ва ҳакимона” меномад.

“Имрӯз-Нюс» аз розҳои марги сарояндаи маъруф Муқаддас Набиева матлаб чоп кардааст ва навиштааст, ки ҷанозаи овозхон худ фоҷеаи дигарест. Аз тарси низоми Шӯравӣ, ки Муқаддасро сарояндаи тӯйгард донист,  наздиктарин дӯстонаш дар маросими видоъ ва ҷаноза ширкат накарданд.

“Миллат” мақолаи профессор Додхудо Саймуддиновро бо номи “Зиёӣ ё рушанфикр” чоп кардааст ва олими маъруф баъди таҳлили фарогир ба ин натиҷа расидааст, ки “Бо дар назар гирифтани маънои бунёдии вожаи зиёӣ бинобар осори форсии дарӣ... дар забони тоҷикӣ низ мисли форсӣ ва дарии Афғонистон аз истилоҳи суннатии роиҷ дар кишварҳои форсизабон ва ҷомеаи форсизабонони ҷаҳон -равшанфикр ё равшанандеш истифода шавад”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?