Конибодом: Қатли ҳамсоя дар ҳолати мастӣ

Як сокини 31-солаи шаҳри Конибодом бо иттиҳоми куштори ҳамсояаш боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳодиса 28-уми сентябри соли равон тахминан соати 15:00 сурат гирифтааст.

Дар ин соат, “марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом дар хонаи истиқоматиаш нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз сабаби хусумати шахсӣ ба хонаи ҳамсояаш марди 45-сола омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба  қафаси синааш задааст.”

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати  вазнини  ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 104 (куштор) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?