Конфронс барои баланд кардани ғизонокии орди гандум дар Қазоқистон

Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Алмаатои Қазоқистон бо ширкати намояндагони кишварҳои гуногун ғанигардонии  ғизонокии орди гандумӣ дар минтақаро баррасӣ кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар ин ҳамоиш Тоҷикистонро Ҷамшед Муртазоқулов, вакили парламент намояндагӣ мекард.

Ҳамоиши мазкур бо пӯштибонии ЮСАИД бо ширкати намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Афғонистон ва Покистон ширкат доштаанд.

Дар ҳамоиш Ҷамшед Муртазоқулов дар бораи “Ғанигардонии маҳсулоти озуқа бо иловаҳои витаминию миниралӣ дар Точикистон” ва оиди фаъолияти парламенти касбии мамлакат дар бунёди заминаи ҳуқуқии рушди ин раванд, қонунҳои қабул намудааи парламенти касбӣ суҳбат кардааст.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?