Компютери IBM Watson бемориҳои саратонро табобат мекунад

Компбтери навъи олӣ ё суперкомпютери IBM Watson  на танҳо қодир аст мураккабтарин  ҳисобу китоби арифметикиро бо суръати баланд анҷом диҳад, балки метавонад ба ташхиси сареъи бемориҳои саратон низ муваффақона истифода шавад.

Ин компютер дорои як системаи ҷадиди сунъии зеҳнист, ки қодир аст таҳлилҳоеро анҷом диҳад ва иртиботҳоеро ошкор созад, ки ақли одамӣ намегирад. 

Пӯшида нест, ки ҳатто як навъи бемориҳои саратонӣ ба одамони гуногун бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, ин аст, ки дар олам шеваи ягонаи табобати ин навъи бемориҳо вуҷуд надорад. Дар ҳолате муолиҷаи кимиёвӣ муассир аст ва фоида мекунад, дар ҳолати дигар муолиҷаи родиёӣ ва барои гуруҳи сеюм равишҳои дигари  пизишкӣ ёрӣ мерасонанд. Дар мураккабтарин ҳолатҳо ҳуҷайраҳои саратон новобаста аз чизе рушд мекунанд, ҳуҷайраҳову бофтаҳои бадани инсонро хароб месозанд.

Маъмулан барои духтурони соҳибтаҷриба ҳафтае ва ё моҳе лозим меояд, ки таркиби ин бемориро дар инсон муайян кунанд ва доруи мутобиқ ба он ва дигар роҳу равишҳое, ки таъсири амиқ мерасонанд, интихоб намоянд. Вале Watson, ки бо маълумоти зарурӣ таъмин шудааст, дар муҳлати хеле кутоҳ - зарфи чанд дақиқа роҳҳои мубориза бо ҳар омоси саратонро муайян мекунад. Худи Watson метавонад гаронарзиш бошад, вале дар қиёс ба он ки дар ташхис хеле иштибоҳи камтар мекунад ва кори як ҳайати духтурони баландихтисоси саратоншиносро анҷом медиҳад, он арзон аст.

Табибоне, ки ширкати IBM  киро кардааст, ҳамрӯза ба мағзи мутафаккири он маълумоти зиёдеро дар бораи ин марзӣ ворид мекунанд, аз ҷумла нишони ҳуҷайраҳои ДНК –и омосҳои гуногуни саратон, равишҳои мавҷудаи табобат, таърихи касалӣ ва ғайраро, ки иртибот ба беморӣ доранд, ворид месозанд. Компбтери навъи олии Watson ҳазор навъи паҳншавии бемориро дар худ ҷо медиҳад ва аз маълумоти дарёфтӣ хазина месозад ва дар ҷараёни ташхис аз он истифода мекунад, роҳҳои табобат ва истифодаи дору ва меъёри онро нишон медиҳад. 

Ба он нигоҳ накарда, ки компютери мазкур дастрасии номаҳдуд ба маҷаллаҳои илмӣ ва мақолаву китобҳо ва маълумоти санҷишҳои бемористонӣ дорад, барои   шинохтани бахшҳои хоси ДНК, ки аз тариқи чандин марҳилаи сироят гузаштаанд, мушкилӣ мекашад. Вале аз он ки табибон ҳамеша ба он маълумотҳои тоза илова мекунанд, донишмандон умедворанд дар наздиктарин фурсат Watson  самара хоҳад  дод. 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

аз сосонаи Точнюс хохонем, ки ин арзи моро ба вазири маориф мерасонанд. Мо якчанд нафар донишчуёни Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров аз он навгонихое ки ректори арчманди мо карда истодаанд сахт нигарон хастем. Вазири мухтарам ба доди мо шумо нарасед каси дигар намерасад. ба муаллимони деканамон чандин маротиба арзи худро гуфтем онхо хам аз чояшон метарсаед ва ба боло гуфтаи моро намерасонанд. Вазири мухтарам дар смесстри якум хамаман имтихон супоридем ва тарзи имтихонигиро бинед хандаатон мгирад. худи имтихонгирандагон сарфахм намерафтанд ки чи кор карда истодаанд. мо омехта кардаанд ва дар як синф хама ихтисосхо чойгирифта буд. ин ректори мо гуфт, ки коррупсияро аз байн мебаранд. лек худаш донишчуёни бечораро корат карда истодааст. максади Максудов А хамаро аз имтихон афтонад ва хама кретид харад. хазинаи донишгох аз вай кредит харидаи донишчён пур шуд. .... Вазири мухтарам имтихони нимсолаи ду маскарабози донишчуёни ХФТУТ ки худи Максудов ректор буд аз мо имтихон гирифта истодаанд ва муалимони мо хад надоранд ки гап зананд. Онхо шеф. вазири мухтарам ба доди мо ки мерасад. кай ин бесомонихо ба охир мерасад. аз соати 7 барои имтихон с упори меоем соати 11 моро ба имтихонсупори медарорад. програмаи ки даровардаги тамоман барои мо шинос не. рузи имтихон соати имтихон маълум не. се соат пеш занг мезанд мегуяндки шумо имруз имтихон доред. илтимос як санчида бинед. ташакур.

Шояд шумо суол ё назаре доред?