Коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Дар 4 моҳи аввали соли 2016 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,2% ё 135 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон,  давоми 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин давра тавозуни савдо низ манфӣ буда, ба 656 млн. доллар баробар шудааст.

Тоҷикистон то 1-уми майи соли равон ба хориҷ дар ҳаҷми  265 млн. доллар мол содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 млн ё 8,4% камтар аст. Содироти пахта дар ин давра 25% коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин аз моҳи январ то моҳи май ба Тоҷикистон аз хориҷ ба маблағи 920 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015, 10,7% ё 110 млн. долллар  камтар мебошад.

Раванди коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли равон то ҳол идома дорад. Дар семоҳаи аввали соли равон низ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон қариб 100 миллион доллари ИМА ё 10 % коҳиш ёфта буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?