Коҳиши башиддати қурби сомонӣ дар нуқтаҳои саррофӣ

Қурби пули миллӣ сомонӣ дар нуқтаҳои саррофӣ ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Дар ду рӯзи охир як долларӣ то 5,70 сомонӣ табодул шудааст. Саррофон як долларро аз 5,65 то 5,70 ва аз ин ҳам боло ба мубодила гузоштаанд.

Қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ коҳиш ёфта, 10 рубли русӣ бар ивази 0,70 сомонӣ иваз карда мешавад.

Гарчи дар тоблуҳои саррофиҳо як доллар баробар ба 5,58 - 5,60 сомонӣ навишта шудааст, аммо бо ин нишондод долларро дар фурӯш ёфтан ғайримумкин аст.

Як сарроф аз шаҳри Душанбе мегӯяд, ин нишондодҳо собит нестанд ва ҳар лаҳза имкони каму зиёд шуданашон мавҷуд аст.

Дар ин баробар евро гарон гардида, дар нуқтаҳои саррофӣ як евро ба 7 сомонӣ баробар шудааст.

Аз оғози соли равон то ҳол қурби сомонӣ дар нуқтаҳои саррофӣ ҳудуди 18% коҳиш ёфтааст.

Бо нишондоди расмии Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллар баробар ба 5,23 сомонӣ, 1 евро ба 6,51 сомонӣ, 1 рубл ба 0.079 сомонӣ баробар аст.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?