Қоҳир Расулзода дар Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ иштирок мекунад

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек иштирок хоҳад кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, то имрӯз иштироки нахуствазирони Русия, Қазоқистон, Чин ва Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Узбакистонро дар ин нишаст Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир намояндагӣ мекунад.

Дар назар аст, ки дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек на камтар аз 8 санад ба имзо хоҳад расид.

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва сафири Муғулистон дар Қирғизистон ба сифати нозирон дар кори Шӯро ширкат меварзанд. Нахуствазири Беларус алҳол иштирокашро тасдиқ накардааст.

Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек 3-юми ноябр баргузор мегардад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?