Клипи нави Таҳмина Ниёзова “Ту, эй ту” (Видео)

Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавони тоҷик клипи наве бо номи “Ту, эй ту” сабт кардааст, ки дар шабакаи иҷтимоии Ютуб қобили тамошост.

Климпро коргарони ӯзбакистонӣ Тимур Пирумқулов ба навор гирифта, матни суруд аз шоир Озарахш аст ва онро Манучеҳр Ахмедов ба оҳанг даровардааст.

Беҳрӯз Зеваров, продеюсер гуфтааст, ки паҳн ва нусхабардории ғайриқонунии клипро муҷозот интизор аст ва касоне, ки ба ин амал даст мезананд, ба додгоҳ хоҳанд кашид.

Таҳмина Ниёзова 25 сол дошта, набераи ҳунарманди шашмақомсарои тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Таҳмина Ниёзова соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардида буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?