Китобхонаи миллӣ ба мактаби №46-и Варзоб 1600 китоб тақдим кард

Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дархости мактаби рақами 46, деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб тақдим кардааст.

Бино ба иттилои Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, ки масъули тавзеҳи ин китобҳо будааст, дар  маросими тақдим бештар аз 400 нафар устодону хонандагони мактаб ҳузур доштанд.

Хонандагон дар бораи китоб, дониш, фазилати мутолиа шеърхонӣ карданд, саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд ва фестивали озмуни китоб низ ҳамзамон роҳандозӣ шуд. 

Дар ин нишаст аз Иттифоқи нависандагон ва дигар созмонҳои эҷодии кишвар ҳузур доштанд ва дар суханрониҳои худ ҳам иқдоми Китобхонаи миллиро сутуданд ва ҳам дар бораи китобу китобхонӣ ҳарфҳои ҳикматомез иброз доштанд.  

Инчунин пеш аз анҷомёбии маҳфил аз тарафи кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба хонандагони мактаб зиёда аз 300 буклет ва китобчаҳову варақаҳои  таблиғотӣ  тақсим карда шуд.

Дар ин нишаст аз Иттифоқи нависандагон ва дигар созмонҳои эҷодии кишвар ҳузур доштанд. 
 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?