Қирғизистон фаъолияти “интернет-имомҳо”-ро зери назорат мегирад

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки  дар ин кишвар бояд назорати соҳаи дин пурзӯр карда шавад.

Бино ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ин бора зимни мулоқоташ бо раиси комиссияи давлатии кор бо дин Озорбек Молдалиев ибрози назар намудааст. 

Отамбоев гуфтааст, ки бо назардошти рӯйдодҳои ахири олам зарур аст ниҳодҳои зидахл вазъи динӣ дар кишварро басо дақиқ омӯзанд. Ба он хотир, ки ба таҳдидҳои амниятиву вокунишҳои манфӣ сари вақт чора андешида шавад. То ки ҳар таҳдид дар мавридаш пешгирӣ ва амнияти мардум таъмин бошад. 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон зарфи чанд моҳи охир аз болоравии таъсири ба истилоҳ “интернет-имомҳо” миёни ҷавонон дар ҷануби кишвар хабар медиҳанд.

Инҳо мубаллиғоне ҳастанд, ки бо роҳандозии пойгоҳҳои интернетӣ исломро таблиғ мекунанд ва ба суолҳои гуногуни корбарон посух медиҳанд. Милитсияи Қирғизистон дар таблиғоти онҳо андешаҳои ифротгароиро намебинад ва мегӯяд “ин гуна мубаллиғон чандон зиёд аз мавзеъгирии гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пуштибонӣ намекунанд”.

Вале тарси ҳукумат аз руҷуъи бесобиқаи мардум ба Ислом аст ва имомҳои интернетӣ дар ин самт метавонанд нақши муҳим бибозанд.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?