Киҳо ва чаро аз Тоҷикистон мегурезанд? - назари коршиноси мустақил

Сийдмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгар

Чанд рӯз пештар ба суоли хабарнигори як нашрия, ки мепурсид “чаро рӯзноманигорон аз Тоҷикистон фирор мекунанд?” чунин посух додам. Намедонам онҳо ин тафсирро рӯи чоп меоранд ё на. Ба ҳамин сабаб аз овардани номи нашрия худдорӣ кардам, аммо хонандаи муҳтарами “Нигоҳ” имкон дорад, ки ин посухи каминаро мутолиа кунад:

- Бисёриҳо мегурезанд, на танҳо рӯзноманигорон. Ва агар касе то ҳол фирор накардааст, ин ҳаргиз ба маънои он нест, ки қасди рафтан надорад.

Ба эҳтимоли зиёд, чизе онҳоро бозмедорад ва ё ин гуна имкон надоранд. Каминаро, масалан ҳамоно умеди тағйироти сиёсӣ, ҳаддиақал дар гузинаи “ф” бозмедорад. Дигарон сабабҳои дигар доранд.

 Асосан одамони эҷодкор ва соҳиби маълумоти оливу донишҳои фаровон аз кишвар мераванд. Пештар сокинони деҳот ва ҷавонон мерафтанд. Вақтҳои охир калонсолон, он ҳам бо аҳли хонаводаашон мераванд. Ҳоло аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб низ фирор мекунанд. Фирор мекунанд аз он ки сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба таназзул овардааст, ҷойи кори арзишманд ва маоши хуб нест, маориф дарҳаму барҳам шуда, хизматрасонии тиббӣ басо нигаронкунанда аст, имконоти шахсиятсозӣ маҳдуданд, ба истилоҳ “лифтҳои иҷтимоӣ” кор намекунанд.  Маданияти хосу ом ба ҳадди ғайримумкин поин рафтан дорад.

 Ба атрофи худ бингаред ва бубинед, ки муҳити зиндагӣ ҷиддан дар ҳоли тағйир аст: зарфи ин панҷ соли охир хеле аз дӯстонатон, ҳамсоягонатон, хешовандон, ҳамсинфону ҳамкурсонатон рафтаанд. Босаводон ва бештар аз ҳама соҳибкасбоне рафтаанд, ки тибқи маълумоти СММ барои омода кардани онҳо ҳар иқтисоди миллӣ ҳудуди 300 ҳазор доллари ИМА харҷ мекунад.

 Мардум мераванд барои он ки дурнамои зиндагии шоиста барои худ ва фарзандонашонро намебинанд. Ҳама чиз ғасб шудааст, инҳисорӣ гаштааст: аз вазифафурӯшӣ то бозори ҳасибу шакар. Бе ёру ошнобозӣ наметавон ҳатто сардори кучарӯбҳои як маҳаллаи пойтахт таъйин шуд.

Фасод тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҳатто як шаҳрванди қаториро олуда кардааст: модар бе пул наметавонад писари хурдсолашро ба боғча ё синфи мехостааш дохил кунад; падар аз Русия пул мефиристад, то додараш иҷозати тӯйи арусии писари ӯро бо “танзим” мувофиқа кунад....

Маош дар сатҳи хели поин, вале нархҳо чун дар кишвраҳои аврупоист, ки маоши миёнаи сокинонашон 6-9 ҳазор доллар аст. 

 Се-чор рӯз пеш як кило ангур дар бозор чун дар Маскаву Берлин 3 доллар нарх дошт. Зиндагии одамон хеле мушкил шудааст. Бахусус, зарфи ин ду соли охир, ки кампулии мардум ба шиддат эҳсос мешавад.

 Гузашта аз ин, аксарияти одамон умед ба ояндаи некро аз даст додаанд, чеҳраи аксарияти бошандагони як кӯча ё хиёбон мушавваш ба назар мерасад, ханда гӯё аз кӯчаву бозор ва ҳатто боғчаву мактабҳои мо қаҳр карда рафтааст, чашмаи боварӣ ба “ҳукумати сулҳу суботовар” хушкидан дорад.

Шояд аз ин рӯ одамон мераванд. 

 Аммо аз ин миён фирори журналистон, шояд бо тақозои касб, дар чашмҳо зудтар намудор мешаванд ва ин аст, ки мегӯянд бисёре аз онон рафтаанд.

Бале, ҳатто нафаскашӣ дар ин муҳит барои журналистони мустақил мушкил шудааст.  Шароити кору зиндагӣ вазнинтар: эҳсоси амният вуҷуд надорад, дастарасӣ ба иттилоот дар сатҳи давлатӣ баста аст, хазинаи маош ду-дуним баробар коҳиш ёфт, бозори матбуоти чопӣ се-чор баробар тангтар шуд, фишори андоз тоқатфарсо шудааст.

Бозори расонаии тоҷик, ки баръакси тамоми кишварҳои ИДМ мардумиву худҷӯш буд ва маҳз ба ҳамин сабаб ҷомеаи журналистӣ назди миллату давлат ҷойгоҳу мақоми хосе дошту ҷомеасозӣ мекард, кӯмаку дастгирие аз ҳукумат наёфт. Аз ҳукумате, ки 99 дар сади сарватҳои миллиро назорат мекунад...

Тамоюл баръало шуд: гуруҳҳои худхоҳе аз номи ҳукумату давлат журналистонро ба ҳошияи зиндагӣ меронанд. Зиндагии бе ин ҳам нолоиқ бар инсонҳои озод.

Ҳисс кардед, ки дар чорабиниҳои 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ягон нафар аз рӯзноманигори мустақил, адвокати мустақил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур надошт? Бале, чунин буд. Тафсираш ҳам бисёр одист: ба ҳадде мағруру худписанд шудаанд, ки назарашон касеро намегирад. Гумон мекунам ин воқеъият хеле бад аст ва на танҳо барои журналистон.

Журналистон дар ин гирудор на бештар аз 100 нафар тарки Ватан кардаанд. Ба Аврупову Амрико камтар аз 30 нафар рафтаанд. Қисме аз онҳо дар оянда метавонанд бахше аз мухолифон бошанд, вале ҳоло ҳам ин зуҳурот ба истилоҳ оммавӣ нест. Духтурон ва муҳандисон ба маротиб бештар тарки Тоҷикистон кардаанд. Ин ғамангезтар аст. Оё ҳукумат дар ин бора меандешад?

Ростӣ, дақиқ намедонам. Вале ба ин назарам, ки ҳукумати феълиамон рефлексияи тани зинда ба омилҳои муҳимро, бинобар дуру дароз сари қудрат нишастан аз даст додан дорад. Шояд аз беҳавсалагӣ ё афсурдагӣ...

Назарҳо

холо хам будаанд да... Хело хам диккатчалбкунанда.
Вокеияти хол хамин аст. Баъзан гумон мекуни, ки дигар ин кишвар Ватани мо нест. Гуиё дар олами бароят бегона хасти.
Бале, ҳатто нафаскашӣ дар ин муҳит барои журналистони мустақил мушкил шудааст. Шароити кору зиндагӣ вазнинтар: эҳсоси амният вуҷуд надорад, дастарасӣ ба иттилоот дар сатҳи давлатӣ баста аст, хазинаи маош ду-дуним баробар коҳиш ёфт, бозори матбуоти чопӣ се-чор баробар тангтар шуд, фишори андоз тоқатфарсо шудааст... Дар идома: Устод Набиюллоҳ Суннатӣ куҷо шуд? Касе намедонад. Дар бораи якбора нопадид шуданаш фарзияҳои зиëд аст. Ҳатто дар конфронси бахшида ба рузи озодии сухан аз фишори бесобиқа болояш сухан гуфт, тақрибан аз мақолаи Кадргадоӣ дар Исфара ëдовар шуд, он ҷо садри маҷлис Хуршед Атовулло буд,ҳатто намояндагони САҲА низ буданд, шуниданд чӣ андоза устод Суннатӣ бо сӯзу гудоз аз озодии сухан ва фишорҳо ба ӯву фарзандонаш аз ҷониби мақомот гуфт. Аммо якбора нопадид шудани рӯзноманигори рақами яки шимоли Тоҷикистон ягон ҳампешагонро дар Тоҷикистон такон надод ва касе ҳам намепурсад ки чаро матолиби ҷасуронаву пуршӯри Суннати якбора аз матбуоти тоҷик ғайб зад. Ана инро солидарност мегӯянд мутаассифона(((( Хабарҳои зидду нақиз дар борааш зиед аст,яке мегӯяд ки устод Суннатиро лату кӯб карданд,дигаре мегӯяд ки баъди мауолаҳои тундаш таъқиб шудааст,ё ӯро водор карданд ки ТҶ -ро тарк кунад? Фарзияи дигаре ҳаст, ки ӯ баъди лату кӯби мақомот ба бемории сахт мубтало шудааст. Мӯҳтарам журналистон агар шумо аз Суннатӣ ёд накунед рӯзе шуморо низ мекӯбанд,таҳдид мекунанд, ҳабсу зиндон мекунанд. Ақалан куҷо буданашро дар мақолаи таҳлилӣ аниқ кунед. Бо эҳтиром Мурод
....................................... Аз мухит андешадори бар лаби дарё биё, эй соддае.........
Ман муаллифро хеч нашинохтам. Дар рафтору кирдору амал букамалунро (хамелеор) мемонад. Мехохам билохара бифахмам ному насаби Шумо чи гуна бояд навиштаву адо шавад? Саймиддин, Саймухиддин, Дустов ва ё Дустмухаммадиён? Як каме забону хувияти миллии худро эхтиром бигузоред.
Chi fark dorad muallif chi nomu nasab dorad.Az hamun nodoniyu kunjkovii behuda namondem ki namondem.Shin ohtanu nashinohtani tu yagon tarhro jam namekunad.Mavzuro hon!!!
Афсус валекин ба фикрам дар баробари мушовирони Президент худи у ба ин гуна кору амалхо ризост, вагарна дар холати мехостан метавонад аз ВАОи мустакил маълумотхои мехостаашро чамъ кунад. Бубинед дар хамаи сафархояш танхо у асту халос, Хукумати ЧТ дар тули 25-соли истиклолият аз хисоби давлат ё сармояхои хоричи ягон корхонаи калони истехсолии (заводу фабрикахо) давлати насохтааст, ки сирф ба ЧТ таалук дошта бошад. Он корхонохое ки Президент лентахояшро мебурад асосан сохибкорон сохтаанд. Лекин давлат барои сохтмони театру стадионхову варзишгохо садхо миллион сомониро сарф карду карда истодааст. Магар хуб намешуд, ки ба чои онхо корхонахои истехсоли бо чойи кори доими ва бе карз созанд, то ин ки фоида биёрад ва фоидаи он дар дохили ЧТ боки монад. Ба фикрам дар мо мисли даврони Пётри 1 аст. Дар даврони худ Пётри 1 бо максади мубориза бурдан бо порагирии мансабдорон ба генпрокурори Россия фармон медихад, ки фармон навис, ки агар хар мансабдореро ки бо пора дастгир кардем, агар он аргамчин бошад бо хамон аргамчин меовезам. Дар чавоб генпрокурораш гуфт агар ин тавр бошад мачбур хамаи моро чазо дихед, танхо хаон вакт Пётри 1 фахмид, ки тамоми мансабдоронаш пора мегирифтаанд, ва "к черту" гуфту фармонашро набаровард. Баъзе одамоне, ки дар сохтмони ГЭСи Рогун кор мекунанд, чунон пулдор шуда истодаанд, ки гуё маошашон 3-6 хазор доллар аст. Баъд сохтмони ин иншоот пеш мерафтааст. О ягон кас корманди давлатиро намепурсад, ки ин кадар пулу мол аз кучо дорад. Чунин менамояд, ки хукумати хозираро принсипаш нисбати сохибкорони калон ва мансабдорони давлати як тост, мо ба ту кор надорем ту ба мо кордор набош.

Шояд шумо суол ё назаре доред?