Ҳушдори Кумитаи забон ба журналистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба рӯзноманигори кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати нақзи меъёри забони тоҷикӣ ҷарима хоҳанд супорид.

1-уми август Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабариаш гуфт, “ дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи  мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима  мешаванд”.

Шарофзода аз он изҳорӣ нигаронӣ кард, ки "рӯзноманигорон дар аксари ҳолат калимаҳои ношиносро дар маводашон истифода мебаранд". "Баъзан то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар дар матлаби рӯзноманигорон калимаҳое истифода мешавад, ки барои бинандаву шунаванда ношинос аст. Ба ин тартиб, меъёри қонуни забон вайрон мешавад", - таъкид кард ӯ.

Як комиссияи вижа ба қавли Раиси кумитаи забон барномаи ТВ ва радиоҳо ва ҳамчунин матни рӯзномаҳоро месанҷанд.

Дар назар аст, ки ҷарима барои рӯзноманигорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ва барои муассисони онҳо аз 30 то 40 нишондиҳанда муқаррар шавад.

 

Назарҳо

"Журналистон дар аксари холат дар навиштахояшон калимахои ношинос" -ро ба кор мебаранд. Ин чи мантик аст ,ки ин хонум матрах мекунад? Агар Шумову хонандахое,ки дар назар доред, ба маънии калимахои забонамон сарфахм наравед,айби муаллифе,ки калимахои ба гуфтаи Шумо "ношинос"- ро истифода мекунад дар навиштахои хеш дар чи хаст? Агар калимоту истилохоти забони модарии худро,ки хазорсолахо дар забон корбурд доштаву хамоно доранд, як нафари бесавод намедонад, гиребони муаллифро мегиред? Харфхои комилан бемантику бепоя. Агар забонрову калимоти онро намедони, таксир бо худат хаст, бирав суол кун, китоб бихон ва фарханг боз куну маъни бичу! Гар ба дил шавке надори, синачунбони чи суд?
Аввал шумо ислох шавед китоб бисер хонед бовар кунед и кумитаи забона ягон макомот назорат намебарад ки ягон калимаи халол надоранд бо даъвошона бинен худата ширин накун хонум шуморо хатто кадр гуфта намешавад
Инхел кадрхоро хамун ... пешниход мекунад охир одами басавод лозим ки кадрхои басавод пешниход кунанд!
Супориши Асадуло Рахмонай и баромадои и хонум чунки дар даврони рохбарияш тв хои точик сатхи пастарин рафта буд чоп кун
Мухтарама Гавхар Шарофзода! Калимахое дар забони точики мавчуд хастанд, ки аксаран онхоро намефахманд ва мувофики услуби публисисти забони ВАО бояд содда бошад, зеро барои тамоми гурухи одамон пешкаш мегардад. Дар баробари ин журналист одам хаст, агар ягон техника ва ё технология мешуд, функсияашро галат намекард. Ягон кор бе камбуди нест. Хатто олимон дар конференсияхои илми-амали ба хатогихо рох медиханд. Зимнан нишондихандахо барои хисоб вобаста ба маоше, ки журналист мегирад, бенихоят баланд аст. Инчунин калимахои русие хастанд, ки онхоро аксарияти забоншиносон намедонанд, масалан: зажигалка, прыгалка, карниз, адаптер, удлинитель, жалюзи.......

Шояд шумо суол ё назаре доред?