Ҳушдори дигари БДА аз роҳбандӣ дар маркази Душанбе

Бозрасии давлатии автомобилии бори дигар хабар дод, ки бахшида ба паради ҳарбӣ ҳаракат аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ маҳдуд карда мешавад.

БДА бо пахши иттилоия гуфтааст,  ин тасмим барои хотири гузаронида падари ҳарбӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон то 8-уми сентябр давом мекунад.

-Бо мақсади гузаронидани машқҳои сафӣ ҷиҳати баргузории паради ҳарбӣ, бахшида ба  25-солагии ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19 август то 8 сентябри соли равон аз соати 18.00 то 22.00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то хиёбони Рӯдакӣ-майдони 800-солагии Москва, Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Сино, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ- аз кӯчаи Шероз то кӯчаи Мирзо Турсунзода, кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Шероз то кӯчаи Мирзо Турсунзода, кӯчаи  Бухоро аз  кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, кӯчаи Шевченко, кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ,   манъ карда мешавад. 

Манбаъ мегӯяд, ронандагон метавонанд аз  кӯчаҳои  иловагии Ҳ. Шерозӣ, Карамов, Ҳувайдуллоев, Саид Носир, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Н. Муҳаммад, Айнӣ ва Назаршоев  истифода баранд.

 

Назарҳо

Даддари ҳарбӣ ё паради ҳарбӣ ҳа ҳа ҳа

Шояд шумо суол ё назаре доред?