Ҳуруфчинӣ бо забони тоҷикӣ дар смартфонҳо осон шуд

Нусхаи нави саҳфакалиди тоҷикӣ аз тариқи фурӯшгоҳи интернетии Google Play ба тоҷикзабонони рӯйи олам дастрас мешавад.

Барномаи ҷадид чандин бартариятҳо аз барномаҳои қаблӣ дорад. Аввал ин ки, беш аз 200000 (дусад ҳазор) калима бо забонти тоҷикӣ ба осонӣ чида мешаванд.

Дуюм, барнома тарроҳии ҷолибу нав дорад ва ҳамаи дастгоҳҳои Андроид дастрас аст. Ҳамчунин он метавонад якчанд иштибоҳи забониро ҳамзамон ислоҳ кунад. Барои пайвастан ба ин барнома ва истифода аз он модулҳои иловагӣ хоста намешаванд.

Созандагонаш мегӯянд, агар шумо майли он доред, ки ҳарфҳои тоҷикиро дар смартфонҳои бичинед, пас метавонед ин барномаро ройгон аз фурушгоҳи Google Play дастрас кунед

Шояд шумо суол ё назаре доред?