Ҳунармандони театри Лоҳутиро аз саҳнаашон дур мекунанд

Ин акс аз тамрини намоишномаи “Ромкунии духтари саркаш”, аз рӯи асари Шекспир мебошад, ки ҳоло дар театри Лоҳутӣ мехоҳанд ба намоиш гузоранд. Вале ин намоишнома шояд аз охирин саҳнаҳое бошад, ки дар толори кунунии театри Лоҳутӣ ба саҳна гузошта мешавад.

 Ҳунармандони театр ҳарчанд барои ба саҳна гузоштани чандин намоиш ҳамарӯза тамрин мекунанд, аммо дасту дилашон сард аст. Зеро хабари тахриби бино ва интиқоли онҳо ба кинотеатри “Тоҷикистон” ба фаъолияти онҳо бетаъсир набудааст.

Бархе аз кормандони театри Лоҳутӣ нигарони онанд, ки бо интиқоли театр ба бинои кинотеатри “Тоҷикистон” таърихи бойю рангини ин муассиса низ осеб хоҳад дид.

Ҳоло кормандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд. Ба онҳо дастур шудааст, ки дар рӯзҳои наздик барои худ ҷой пайдо карда ё ба бинои кинотеатри “Тоҷикистон” кӯч банданд.

Кормандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ин бора мегӯянд, “агар моро ба бинои кинотеатр интиқол диҳанд, ин маънои қатли эҷодро дорад. Дар онҷо ҳеч имкони ба саҳна гузоштани ягон намоишномаи театр мавҷуд нест”.

Ортиқ Қодир бо ашк дар чашмонаш суҳбат мекард

 

Ортиқ Қодир, ҳунарпешаи маъруф ва корманди театри мазкур хабари тахриби бинои театр ва кӯч бастанро ба дард қабул кардааст. “Театр вуҷуди зинда аст. Барои як намоишаш чи қадар либос ҷои мувоффиқ даркор аст, ки онҳоро дар як гӯшаи киноатри “Тоҷикистон” ҷой карда намешавад. Театри Лоҳутӣ таърихи қариб 90 сола дорад. Дар ҳама марҳилаҳо як шиносномаи миллати мо буд”, - мегӯяд ӯ.

Барои ин ҳунарманди шинохта ва дигар кормандони пурсобиқаи театр бинои театри Лоҳутӣ макони муқаддасест, ки парчамбардорони саҳнаи театри тоҷик дар ин ҷо нақшҳо офаридаанд. Аз ҷумла Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо ва даҳҳо тани дигар. Кормандони имрӯзаи театр мегӯянд, магар мешавад аз саҳнае дур шуд, ки дар он машъалбардорони театри тоҷик нақш офаридаанд?

“Қадамгоҳи ин бузургонро хароб кардан ин фоҷиа аст. Дур намеравем дар Ашқобод, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои ба мо наздик дар ягонҷои онҳо ҷойҳои таърихиро хароб намекунанд. Баракс гузоштанд, то ин ки насли имрӯзу фардо муқоиса карда тавонад, ки дар сари 20 чӣ буд ва дар асри 21 чӣ аст. Хуб аст, ки мо биноҳои нав бунёд карда истодаем аммо бояд биноҳои таърихӣ низ нигоҳ дошта шавад”, - бо чунин ҳарфҳо Ортиқ Қодир зид буданаш ба тахриби биноро нишон медиҳад.

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҷамъомад эълон доштаанд, ки барои худамон ҷой ёбем. Ба кормандони театр тавсия додаанд, ки як бор аз толори кинотеатри “Тоҷикистон” дидан кунанд, ки оё барояшон мувоффиқ аст.

Ин ҳунарманд ба нафароне, ки ба қасди тахриби бинои театрро доранд, пешниҳод дорад, ки “агар театри Лоҳутӣ ба бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гузаронида шавад он бино дар ҳақиқат барои театри драмавӣ сохта шудааст ва онҳо метавонанд роҳат онҷо фаъоляит кунанд.

Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди халқии Тоҷикистон

 

“Онҷо толор онқадар калон нест ва сухан шунида мешавад. Оҳанг суруд метавонад дур равад. Театри опера ва  балет барои диалог ва гуфтугӯи пиесаҳои драмавӣ хеле хуб аст. Театри Садриддин Айнӣ ба толори Кохи Борбад равад хеле хуб мешавад. Ҳам барои декоратсияи операвӣ хеле саҳнаи калон дорад ва ҳам барои балет ва опера хеле бошукуҳ сохта шудааст. Театри Лоҳутиро ба кинотеатр кучондан, ки дар онҷо ҳато саҳна надорад, гӯё анҷоми кори мост. Хоҳиш мекунем, ки бино умуман бардошта нашавад. Аммо қарор, ки аз боло шуда бошад мо ягон кор карда наметавонем”, - бо умед мегӯяд Нурулло Абдуллоев.

Ҳоло ҳунармандони театри Лоҳутӣ мактуби дастҷамъонае ба унвони Президент Эмомалӣ Раҳмон навишта, хостаанд, ки аз тахриби бино пешгирӣ кунад. Зеро бинои мазкурро қадамҳои бузургони театри тоҷик ва осорхонаи зиндаи саҳнаи ҳунар медонанд.

Ба гуфтаи кормандон, кинотеатри “Тоҷикистон” имкон надорад, ки тамоми таҷҳизот, либосу дигар лавозимоти театри Лоҳутиро ғунҷонад. Эҳтимол мекунанд, ки ин ҳама нобуд шавад. То ҳол, ҳатто либосҳое, ки дар намоишномаи “Отелло” дар нимаи авали асри гузашта истифода бурдаанд, дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Расонаҳо аз тасмими тахриби бинои театри Лоҳутӣ, бинои чойхонаи “Роҳат” ва бинои парламент, Дастгоҳи иҷроия дар тирамоҳи соли гузашта хабар дода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе дар пайи ин хабарҳо зидди баратараф кардани биноҳои мазкур фарохоне ба унвони Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил карданд, ки дар зери он садҳо нафар имзо гузошт. Расонаҳо ва фарҳангиёни Душанбе гуфтанд, ки ин биноҳо таҷассумгари намоди Душанбе буда, бозгӯ аз таърих ва фарҳанги ин шаҳранд.

Ба ҷои бинои театри Лоҳутӣ бинои истиқоматии баландошёна сохтанианд

 

Аммо дар посухи катбӣ Нуралӣ Саидзод, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба TojNews гуфта буд, ки то имӯз ҳеч қароре аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр барои бартараф кардани биноҳои мазкур ба тасвиб нарасидааст. Биноҳои мазкур тахриб карда намешаванд.

Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе ба расонаҳо гуфта буд, ки тахриби биноҳои мазкур ташаббуси шаҳрдорӣ набудааст: “Мавзӯи тахриби ин биноҳо аз ҷониби мақомоти дигари салоҳиятдор ба миён гузошта шудааст”.

Агар масъулини ҳукумати Тоҷикистон тасмимашон барои интиқоли театр ба бинои кинотеатри “Тоҷикистон” иваз накунанд, пас кормандони ин театр ҳеч не бояд 5 сол мунтазири бунёди Театри миллӣ бимонанд. Президент Раҳмон моҳи марти соли гузашта зимни гузоштани санги асос дар сохтмони Театри миллӣ гуфта буд, ки бояд дар давоми 5 сол бунёд шавад.

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз куҳнатарин театрҳои кишвар мебошад, ки соли 1929 таъсис ёфтааст.

Театри ба номи Лоҳутӣ аз соли 1957 инҷониб дар бинои кунуниаш фаъолият дорад. Бинои мазкур соли 1953 бунёд гардида, баъди ширкат дар даҳаи адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав дар солҳои 50-и асри гузашта ин биноро ба театри Лоҳутӣ тақдим кардаанд. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Духтари саркаш сари театрро мехӯрад ;) Муҳаррири Тоҷнюс
Бечора кормандони театри бо ин мактубошаон хаёташонро сузониданд! Дар ин кишвар факат як нафар бояд гап занад! Агар хохад меканаду мепартояду аз ягон кас намепурсад! Чун ширкатхои сохтумонии наздик ба худаш мехоханд дар замини театру чоёхонаи Рохат бинохои баландошиёна созанд! Дигар ба фикрам дари тамоми ТВ-хои давлати ба руйи онхое, ки ба Президент мактуб карданд барои абадан баста шуд! Чаро зиди режим баромадед?!
Буродаро ҳамаи ин аз ҳамон намоиши ким чиски найранг буд ку? номаш ёдам рафт. Турахон Ахмадхон ба сахна гузоштаги буд. аз хамон сар шуд. Рухи устод Нуриро ноором кард. эшони нуриму мулломухиддин. Ин Турахон ҳаминтари мардак аст. Акун ҷо ковен гарден. Хубтон меша.
Хама медона ки ичада факат як кас хона сохта метона ба ухо театр даркор нестай пул пул пул

Шояд шумо суол ё назаре доред?