Ҳукумат дар садади коҳиш додани лимити нерӯи барқ

Ҳукумат дар садади коҳиш додани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои сокинони кишвар мебошад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло масъалаи коҳиш додани маҳдудияти барқро баррасӣ доранд ва эҳтимол дар моҳи феврал ба мардум аз реҷаи ҳозира бештар нерӯи барқ дода шавад.

Аммо Вазири энергетика ва захираҳои об мушаххасан нагуфт, ки маҳдудияти интиқоли барқ то чанд соат коҳиш дода мешавад. 

Ба гуфтаи масъулини кишвар, ҳоло аҳолии Тоҷикистон ба истиснои пойтахт ва маркази вилоятҳо дар як шабонарӯз 13 соат барқ мегиранд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” низ мегӯяд, ки чунин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар моҳи феврал соатҳои интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро бештар кунанд.

Аммо масъалаи лағви “лимит”-и нерӯи барқ умуман мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, зеро дар Ҳукумат эҳтимол мекунанд, моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард шавад.

Ҳамзамон, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз он хабар дод, ки ҳамарӯза сатҳи оби обанбори Норакро санҷида истодаанд ва сатҳи ҷамъшавии об дар он нисбат ба соли гузашта 1,35% бештар мебошад.

Соли равон маҳдудияти интиқол барқ ба аҳолӣ расман аз 19-уми октябр ҷорӣ шуд. Ҳарчанд сокинон ҳанӯз аз 1-уми октябр аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд. Масъулини “Барқи тоҷик” он вақт гуфта буданд, ин тасмим дар пайи сард шудани ҳаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол мегӯяд, ки лимити барқ ба хотири ҳифзи оби обанбори Норак гирифта мешавад, ки дар фасли сармо аз кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш ба камбуди об дучор мешавад. Ҳудуди 80%-и Тоҷикистонро нерӯгоҳи Норак бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Зимнан, дар фасли сармо Тоҷикистон ба 3 миллиард киловат-соат нерӯи барқ ниёз дорад. Аммо дар фасли тобистон барои истеҳсоли изофии нерӯи барқ харидор намеёбад.

Масъулини соҳаи энергетикаи кишвар тасмим доранд, дар ояндаи наздик Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2-ро бо иқтидори лоиҳавӣ -100 мВт мерасад, ки ба таъмини аҳолии пойтахт бо неруи барқ дар давраи зимистон мусоидат хоҳад кард. Ҳоло мутахассисони ширкати чинии ТВЕА машғули бунёди қисмати навбатии МБГ Душанбе – 2 мебошанд, ки бо иқтидори  300 мВт нерӯи барқ ва 270 Гкал гармӣ шояд дар интиҳои сол ба кор дарояд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?