Ҳукми оила барпо кардани зани мусалмон бо марди насронӣ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон издивоҷи марди насронӣ бо зани мусалмонро ноҷоиз ва ҳаром донист.

Ин рӯҳонии маъруф гуфтааст, ки “Издивоҷи зани мусалмон бо марди насронӣ ба иҷмоъи уламо ҳаром аст. То он мард мусалмон нашавад, ҳаққи издивоҷ кардан бо зани мусалмонро надорад. Агар мусалмон шуд ва соҳибони духтар ба издивоҷи духтарашон бо ӯ розӣ шуданд, пас метавонанд бо ҳам никоҳ карда, зиндагӣ кунанд”.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин нуктаро дар посух ба суоли корбаре дар сомонаи хонаводагии тӯраҷонзодаҳо зикр кардааст.

Ин суолро марди насоро ва зани мусалмоне додаанд, ки ба ҳамдигар дил дода, ошиқ шудаанд. Марди насронӣ мехоҳад, бо қабули дини ислом ба бонуи мусалмон оила бунёд кунад.

Собиқ қозии мусалмони Тоҷикистон дар ҳоле издивоҷи як зани мусалмонро бо марди насронӣ ҳаром донистааст, ки ҳамасола садҳо марди муҳоҷири тоҷикистонии мусалмон бо бонувони ғайри мусалмон, аз ҷумла христианҳо дар Русияв издивоҷ  мекунанд.

Шариати исломӣ издивоҷ кардани марди мусалмонро бо зани китобӣ (пайравони дигар динҳои осмонӣ) иҷозат додааст, аммо рӯҳониёни тоҷикистонӣ, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо ва дигарон борҳо мухолифати худро дар масъалаи издивоҷи мардони муҳоҷири тоҷик бо занони рус эълом кардаанд.

 Яке аз далелҳои мухолифати рӯҳониёни тоҷик дар ин масъала, бесаробон мондани занону духтарони муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвар унвон шудааст.

Copyright © 2014 TojNews

 

Назарҳо

Мурад зани мусалмоне ки кофарро шавхар кунад.
мухтарам кормандони точниюс! Боз фатворо галат шарх додед. Ханин шарххои галати шумо сабаб мешавад ки баьзе мугризон сарусадохо бар по мекунанд. Ислом издивочи марди мусалмон бо зани ахли китобро халол гуфтааст вале издивочи зани мусалмон бо гайри мусалмонро харом гуфтааст. Байни ин ду масьала фарк байни замин ва осмон аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?