“Ҳимоя аз таҳдиди интернет” – дастурамал барои тамоми кишвар

Дар Ӯзбакистон барои мубориза бо таҳдидҳо аз интернет дастуреро бо номи “Ҳимоя аз таҳдиди интернет” дар саросари кишвар муаррифӣ доранд.

Дастури мазкур аз сӯи Раёсати умури дин дар Ӯзбакистон таҳия шудааст, ки мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти мамлакат метавонанд хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Бино ба навиштаи расонаҳо, ҳоло барои муаррифии дастури мазкур ба ҷуз кормандони ин раёсат кормандони мақомоти қудратӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар низ дар саросари Ӯзбакистон муваззаф шудаанд.

Китоби мазкур дар интиҳои соли 2015 нашр шуда, беҳтарин китоб эътироф шудааст. Муаллифони дастур бар ин назаранд, ки гуруҳҳои террористӣ барои паҳн кардани ақидаҳои фосиди худ асосан аз интернет истифода мебаранд, чун воситаҳои дигари таблиғ, аз ҷумла интишор ва паҳн намудани варақаҳо амалан номумкин шудаанд, ташкили радиову телевизион низ чандон самровар ва камхарҷ нестанд. 

Бахши ӯзбакии радиои “Озодӣ” – “Озодлик” навиштааст, ки аз муаррифҳои китоб бармеояд, интернет аз омилҳои аслии мушкилоти рӯз мебошад.

Як бахши муҳимми китоб ба зарари бозиҳои интиернетӣ ба руҳияи наврасон, таблиғи барномаҳои фаҳш ва хушунат ихтисос додаанд ва ба фикри онҳо ангезаҳои аслии рӯ аз кор тофтану чатнишин шудани ҷавонон ҳамин гуна таблиғоти иштибоҳист. 

Аммо муаллифони ин дастур иддио кардаанд, ки ҳадафи онҳо сиёҳ кардани интернет набуда, балки нишон додани роҳҳои муфиди истифода ва баҳрабардорӣ аз он аст. Раёсати дин ҷанбаҳои мусбати Интернетро аз ҷанбаҳои манфӣ бештар мебинад, вале мегӯяд ҷиҳатҳои манфӣ таъсири бештар ба ҷавонон доранд. 

 Гузоришҳои коршиносӣ ҳокӣ аз онанд, ки ин шабу рӯз 38 дарсади сокинони Ӯзбакистон аз Интернет истифода мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар олами мутараққӣ то 90 дарсад ва ҳатто аз ин ҳам бештари сокинон ба Интернет дастрасӣ доранд ва аз он басо фаъолона истифода мебаранд.

Ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо талиғоти террористӣ бастани сомонаҳо ва пойгоҳҳои зиёди интернетӣ сурат гирифтааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишварҳо низ бар ин назаранд, ки гуруҳҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорои на як ва ду, балки ҳазорҳо сомонаҳое ҳастанд, ки хушунат, амалҳои террористӣ ва қатлу кушторро таблиғ мекунанд, ҷонибдорону пайравони худро ба Сурияву Ироқ даъват мекунанд.

Пурсишҳои ахир нишон додаанд, ки аксари ҷавонони ба сафи ДОИШ пайваста, бо намояндагони ин гуруҳи ситезаҷӯ аз тариқи интернет шинос шудаанд. Ва яке аз воситаҳои иртиботии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротии Ховари Миёна, бахусус ба истилоҳ Давлати исломӣ ҳамин Интернет аст. 

Чанде пештар Ислом Каримов, президенти Узбакистон изҳор дошта буд, ки талошҳои боздоштани Интернет кори оқилона нест.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?