Ҳайрати Лутфулло Давлатзода аз тамошобинони "ташна"-и Рашту Хатлон

Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ бо намоишномаҳое монанди "Раъду барқ", "Зангӣ бемаънӣ" ва "Афсона" ба мактабҳои миёна дар Рашту Хатлон ва Суғд ба сафари ҳунарӣ баромадааст. 

Дар ин бора Лутфулло Давлатзода, директори ин тетари давлатӣ хабар дод. 

Давлатзода мегӯяд, аз истиқболи гармии тамошобинони "ташнаи маънавиёт - пиру ҷавон" дар музофот дар ҳайрат мондааст.  

"Мардум ташнаи театр, ташнаи маънавиёт будааст. То мӯйсафедон ҳам тамошо меомаданд. Мо наврасонро ҳам фаромӯш накардем. Бо исфтифода аз ин фурсат намоишҳои наврасона ҳам бурдем ва дар толорҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тамошо гузоштем.

Чипта панҷ сомонӣ нарх дошт, вале ин маънои рамзӣ дошт. Бо як чипта то 5 нафар хонанда ба толор ворид мешуд. Мутаассфона, мо завқи тамошобинро ба диску намоишҳои видеоӣ иваз кардем. Бояд бештар завқи мардумро ба театру намоишҳои миллӣ, ки дорои арзишҳои тарбиявӣ доранд, баргардонем..." - мегӯяд Лутфулло Давлатзода.

Ҳунарпешаи маъруфи ин театр Ортиқ Қодир мегӯяд, - 10 рўз дар води Рашт ва 10 рўзи дигар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон намоишҳои «Раъду барқ», «Зангӣ бемаънӣ», «Афсона» ва амсоли инро барои кўдакон пешниҳод кардаанд. 

-Воқеан эҳсос кардем, ки мардум ташнаи завқ ва ниёз ба шавқи маънавиёту фарҳанг доранд. Барои калонсолон давоми рӯз ва барои хонандагони мактабҳои миёна баъди дарс намоиш пешниҳод мекардем. Ҳатто кӯдакон бо ҷиддият моро тамошо мекарданд. Ҳатто мо иҷозат додем, ки кӯдаконе, ки дар кӯча бозӣ доранд, сарфи назар аз сару либосашон ба намоиш оянд. То онҳо хурсанд шаванд ва аллакай дар ин синну сол дар зеҳнашон аз саҳна ва тетар шинохт бошад.

Мо бояд ҷойи театр ва завқи тарбияро ба танзи кӯчагӣ надиҳем. Ҳар бахш ҷойи худро дорад", - гуфт Ортиқ Қодир.

Ҳайати эҷодӣ дар минтақаҳои кишвар тақсим шуда, масъулияти сафари ҳунарӣ ба вилояти Суғд ба дӯши ҳунарпешагони шоиста Майрам Исоева ва Нурулло Абдуллоев вогузор шуда аст.  

Сафари ҳунарии Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати шаҳр қарор кардааст, онро ба бинои дигар кӯчонда, ба ҷойи театри мазкур иншооти нав сохта швад. Ҳоло, муваққат Театри Маяковскийи шаҳри Душанбе низ ба бинои театри ба Лоҳутӣ кӯч бастаанд, ки ҳамчунин бояд тахриб шавад. 

Ин театрҳоро ба толори кинотеатри куҳнаи "Тоҷикистон" дар маҳаллаи 65-уми пойтахт кӯчондан мехостанд, аммо бинобар мутобиқ набудани ин бино, баҳси ҳунармандон ба ҳукумати шаҳр то ҳол ҳалли худро наёфтааст. 

Дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳудуди 45 нафар ҳунармандони касбӣ ва ҷавонон фаъолият доранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?