Маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ то ҷашни Истиқлолият

Аз 19-уми август то 8-уми сентябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ маҳдуд карда мешавад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, бинобар омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии Истиқлолият ва тайёрӣ ба гузашти низомӣ аз санаи 19-уми август то 8-уми сентябри соли равон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз Фурушгоҳи Марказӣ, бо майдони Дӯстӣ, то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро маҳдуд карда мешавад. 

БДА аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки реҷаи зикргардидаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?