Ҳамоиши Эътилофи зидди шиканҷаи се кишвари осиёи Марказӣ дар Варшав

Эътилофи зидди шикаҷаи се кишвари Осиёи Марказӣ, ки ахиран дар Варшав дар доираи ҷаласаи ҳарсолаи татбиқи чораҳо дар масъалаҳои абъоди инсонӣ ташкили ҷаласа дода буд, элон кард, ки аз аввали соли равон 115 муроҷиат ва шикояти сокинони ин мамоликро дарёфт кардааст. Аз ҷумлаи ин шикоятҳо 60 адади он аз Тоҷикистон аст.

Эътилофи ёдшуда шомили се кишвари осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аст.

Дар нишаст зикр шуд, ки «ин рақамҳо, яъне 115 шикоят аз шиканҷа танҳо нуги айсберг (тўдаяхи шиновар) аст, зеро аксари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо аз бими хавфи ҷону таҳдидҳо аз шиква ба созмонҳо худдорӣ мекунанд».

Дар ин нишаст Нурмуҳаммад Халилов, намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва адами ҷазо гуфтааст, ки шарҳи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон бар пояи кори Эътилоф аз соли 2011 омода шуд, ки он аз ҷониби 11 созмони ғайриҳукуматӣ таҳия шудааст. 

«Марҳилаи фаъоли тағйиротҳои ҷиддӣ дар мавриди пешгирӣ аз шиканҷа аз соли 2012, баъди сафари аввали Хуан Мендес-гузоришгари вежаи СММ дар мавриди шиканҷа  ба Тоҷикистон ба мушоҳида расид. Бо тавсияҳои ў Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомотеро барои коҳиши шиканҷа роҳандозӣ кард ва як тарҳи беҳбуд бахшидани вазъро тарроҳӣ намуд. Дар Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи нав илова шуд, ки барои шиканҷа афрод ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд».

 Аммо вай ҳамчунин гуфт, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо он ки ҳукумат моил аст дар ин самт кор кунад, вале шиканҷа ҳамоно вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи мушкилот вай аз адами дастрасӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ ном бурд, ки наметавонанд монинторинги мустақил гузаронанд. Ҳамзамон набудани мақомоти тафтишотии вежа оид ба тафтиши ҳодисаҳои шиканҷа низ аз ҷумлаи ин мушкилот аст. Аммо ҳукуматдорони  мегўянд, ки ба ин эҳтиёҷ нест, чун ин гуна ҳодисаҳо хеле каманд. 

Қатори масоили дигар ширкаткунандагони нишаст се масъалаи мушкилзоро ҳам ошкор карданд, ки бояд ҳукуматҳо хеле ба зудӣ онро ҳаллу фасл кунанд. Инҳо: қонун дар бораи афв, зарурати гузаронидани тафтишоти муассир ва самаровар ва пардохти зарари маънавӣ мебошад.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳамаи қонунҳои афв ҷиҳатҳои зиёди маҳдудкунанда доранд. Дар Тоҷикистон бисёре аз муттаҳамин ба шиканҷа бо дастрасӣ аз қонуни афв озод шудаанд ва ё муҳлати маҳрумият аз озодиашон кам гардидааст.

Дар қонуни нави афв, ки Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияташ эълон намуд, бори нахуст гуфта шуд, ки афроди барои шиканҷа судшуда, ба ин афв шомил намешаванд. Вале мушкил он аст аксари касоне, ки аслан барои шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, бо моддаҳои дигар аз озодӣ марум шудаанд ва аксари ин моддаҳо шомили афв мешавад. 

Чун мисол аз сарнавишти Шаҳбол Мирзоев нақл мешавад, ки муттаҳам ба ин ҷиноят Усмон Ғайратов нуҳ сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шуд, вале дар ин ду қонуни афви охир муҳлати ҷазои ў кам шуд ва ҳоло камтар аз се соли дигар монда, ки ба озодӣ мебарояд. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?