Ҳамлаи нокоми ҳакерони Duqu ба ширкати Касперский

Яке аз бузургтарин ширкатҳои амнияти компютерии олам “Касперский” ба ҳамлаи ногаҳонӣ ва шадиди ҳакерҳои гуруҳи Duqu рӯ ба рӯ шудааст.

Дар пахши хабари расмӣ аз ин рӯйдод масъулини ширкат гуфтаанд, ки ҳадафи ҳакерон ҷосусӣ аз фанновариҳои ҷадиди он будааст.

Онҳо мегӯянд бо вуҷуди сари вақт огоҳ шуданашон ба ҳакерҳо муяссар шудааст, ки ба баъзе файлҳо ворид шаванд, вале ин ҳамла ба фаъолияти антивирус таъсири чандоне надоштааст. Вале ҳамлаварон ин бор аз шеваҳое кор гирифтаанд, ки пештар иттифоқ науфтода буд. Онҳо баъди хуруҷ аз система осоре аз худ боқӣ нагузоштаанд.

Ширкати Касперский як ширкати таъмини амнияти компютерии русӣ буда, дар чандин кишварҳои олам дафтари намояндагии худро дорад ва дар миёни ҳама ширкатҳои ҳамсон аз маъруфияти хосе бархӯрдор аст.

Матвей Алексеев, директори коммуникатсияи хориҷии “Rambler&Co” дар суҳбат бо  bbcrussian.com гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Касперский ҳамвора рух медиҳад. “Онҳо (ширкати Касперский) на танҳо таҳқиқоти арзишманде дар мубориза бо вирусҳо анҷом медиҳанд, балки маълумоти бузургу муфидро дар бораи навъҳои мухталифи вирусҳо дар ҷойи алоҳида маҳфуз медоранд. Ва ҷолиб он аст, ки ҳакерҳо талош мекунанд маҳз ба ҳамин маълумотҳо даст ёбанд ва бештари ҳамлаҳо ба қасди шикастани рамзи ин гуна кашфиётҳои нодир сурат мегиранд”.

Мутахассисони “Лабораторияи Касперский” мегӯянд аввалин маротиба гуруҳи киберҷосусии Duqu соли 2011 аз худ дарак додааст ва то ба ин замон аз фаъолиятҳои он чандин кишвар ҷабр дидааст. Изи Duqu дар Маҷористон, Австрия, Индонезия, Британияи Кабир, Судон ва Эрон дида шудааст. Таҳлилгарон гуфтаанд, ки ин гуруҳи ҷосусии кибернетикӣ ҳатман дар сатҳи  кадом давлате сармоягузорӣ мешавад.

Бино ба навиштаи нашрияи Wall Street Journal таҳлилҳои ахири ширкати Касперский нишон додааст, ки барномаҳои вирусии Duqu дар компютерҳои се меҳмонхонаи аврупоие ошкор шудааст, ки гуфтушуниди барномаҳои ҳастаии Эрон он ҷо мегузаштанд. Аксари касони дигаре, ки дар ин масъала таҳқиқот мебаранд, хулоса кардаанд, ки онро исроилиҳо барои кашфи маълумоти сиррӣ аз ҷараёни ин гуфтушунидҳо омода ва истифода мебаранд. 

Wall Street Journal мақолае ҳам чоп карда буд, ки муаллифаш мегуфт, Исроил ҷараёни гуфтушунидҳои атомии Эронро аз хеле замон ба инҷониб ҷосусӣ мекунад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?