Ҳамлагари тими “Барселона” соҳиби “бутсии тиллоӣ” шуд

Луис Суарес, ҳамлагари клуби “Барселона” дар байни клубҳои Аврупо беҳтарин ҳамлагар эълон шуда, соҳиби “бутсии тиллоӣ” гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, УЭФА Луис Суарес дар мавсими 2015/2016 беҳтарин ҳамлагар ва соҳиби “бутсии тиллоӣ” эълон кард.

Луис Суарес дар 35 бозии чемпионати Испания 40 гол зада, соҳиби 80 балл гардидааст.   

Аз рӯи натиҷагрии мавсими 2015/2016 ҷойи дуввумро Гонсало Игуаин, ҳамлагари “Напол” ва ҷойи севвумро Криштиано Роналдо, ҳамлагари “Реал-Мадрид” соҳиб шудаанд.

Луис Суарес 29 сол дошта, ҳамлагари тими “Барселона” ва мунтахаби Уругвай мебошад

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?