Ҳалокати панҷ зан дар садамаҳои нақлиётӣ

Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Хуҷанд 5 зан ба ҳалокат расидаанд.

Тавре дафтари матуботии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, шанбе гузашта 14 май тахминан соати 7:30-дақиқа ронандаи автомашинаи  тамғаи  “Мерседес-Бенс-С180”, марди 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи “Мерседес-Бенс-С180”: занҳои 62, 58, 56-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 48-солаи сокини  шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

“Инчунин дар рӯзи 14 май ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, марди 30-солаи сокини ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани 35-солаи сокини шаҳри Исфараро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Шояд шумо суол ё назаре доред?