Ҳалокати ду мардикор дар вилояти Суғд

Ду мардикор дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз расиши нерӯи барқ ба ҳалокат расидаанд.  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ҳодиса 7-уми июн замоне рух дод, ки панҷ мардикор дар маркази шаҳри Исфара ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд.

Манбаъ мегӯяд, ин нафарон мехостанд нардбонро ба ҷойи дигар гузоранд, аммо ногаҳон он ба ноқили баландшиддати барқ мерасад ва ду нафари онҳо ба ҳалокат мерасанд. Ҳалокшудагон яке 49 ва дигаре 50 сол дошта, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. 3 мардикори дигар аз ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Дар РКД дар вилояти Суғд мегӯянд, санҷиши ҳодиса оғоз шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?