Ҳалокати ду бародар, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав

Ду бародарон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми иҷрои корҳои заминканӣ дар деҳаи Покровкаи ноҳияи Клини наздикии Маскав зери хок мондаанд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия дар минтақа иттилоъ додаст.

Ин ҳодиса бегоҳии дирўз, 15-уми сентябр рух додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин бародарон аз Тоҷикистон буданд ва яке 24 ва дуюмӣ 26 сол доштааст.

Сабаби ҳалокати онҳо дақиқ муайян нест. Ба гуфтае онҳо зери хок мондаанд. Аз рўйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Манбаъ мегӯяд вазифаи аввали тафтишот муайян кардани сабабҳои фоҷеа аст ва аз натиҷаи он хабар дода мешавад.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?