Ҳалокати 374 нафар аз таркиши минаҳо дар Тоҷикистон зарфи 23 соли охир

Директори Маркази милии Тоҷикистон оид ба майн Муҳаббат Иброҳизода мегӯяд зарфи 23 соли гузашта бар асари таркиши минаҳо дар қаламрави кишвар 374 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 485 тани дигар захмӣ шуданд.

Муҳаббат Иброҳимзода, ки ахиран дар ҷаласаи парлумони кишвар суханронӣ мекард, иброз дошт, ки имрӯз ҳам ин хатар бартараф нашудааст ва зарур аст 10,3 метри мураббаъро дар Тоҷикистон аз майн поккорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Муҳаббат Иброҳимзода минтақаҳои майнкоришудаи хатарнок асосан дар қаламраи навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон мебошад.

Хонум Иброҳимзода ба саволи вакилон дар мавриди заминҳои минакоришудаи марзи Ӯзбакистон, ки муҷиби ҳалокату захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон шудаанд, посух дод, ки “мо дар ин маврид миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем.

Ӯзбакистон узви Конвенсияи байналмилалии бартарафсозии хатароти майн нест ва аз ин рӯ мо наметавонем масъалаи поксозии майнҳо дар қаламрави ин кишварро дар миён гузорем”.

Зикр кардан бомаврид аст, ки майнҳои қаламрави навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ки асосан манотиқи Қаротегин дар назар аст, мероси солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки ҷо-ҷо майнкорӣ шудаву имрӯз ҳам хатари он вуҷуд дорад, чун на ҳамаи онҳо баъди ҷанг поккорӣ шудаанд.

Аз сӯйи дигар як хатари бунёдӣ аз Ӯзбакистон мерасад. Ин кишвар қаламрави марзии худро комил майнкорӣ кардааст ва чун минтақаҳо сареҳан аломатгузорӣ нашудаанд ва ё аксари он мавзеъ даштҳои паҳноваранд ва бештар мардум моли худро мечаронанд, борҳо по болои майн гузоштаву ҳалоку захмӣ шудаанд.

Назарҳо

Агар ҳақиқатан рафта во мехурдеду суханро аз забонаш мегирифтед чунин намешуд, вой бар ҳолатон.... Акаи Муҳаббат Иброҳимзода ҳастанд, аввал аниқ кунеду баъдан навсиед!!!!!!!!
Аз забони заканҳои лаби об гирифтаед?))))))) О мардро аз зан фарқ намекунед? ин мард аст))) Вой бар ҳоли матбуоти имрӯза!!!!!!!!
Мард номаш Мухаббат мешудай? Ин читари мард боша? Номша тибки дастури нав нав кунад
Ҳо ҷура Муҳаббатшоҳ ҳаст номи пуррааш... Фикр мекунам аз кадом зани лаби об ё сари куча ин суханҳоро шунида омада навистанду аниқ надонистанд, ки кӣ гуфтаст)))))))

Шояд шумо суол ё назаре доред?