Ҳалокати 2 ноболиғ дар зери чархи автомашина

Ду ноболиғ дар шаҳри Истаравшан зери чархи мошин монда ба ҳалокат расидаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳодиса дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан рух дода, бар асари он ду нафар ноболиғони 4 ва 11-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Ронандаи  автомашинаи тамғаи “Маз-5549”, марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ҳамин шаҳр бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ду нафар ноболиғони 4 ва 11-солаи сокинони деҳаи Гулистони шаҳри мазкурро пахш намудааст.”

Дар натиҷаи ин садамаи нохуш, ҷабрдидагон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?