Ҳаҷми истеҳсолот дар се моҳ 3 млрд. сомониро ташкил додааст

Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст

Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 3 миллард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон,  суръати афзоиши саноат дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  ба 113,1% баробар шудааст.

Саноати коркард дар омори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд буда, 59,2%-и маҳсулоти саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Баъд аз он истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об (25,4%) ва саноати истихроҷ (15,4%)-и ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳанд.  

Манбаъ мегӯяд, дар семоҳаи якуми соли равон  рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 122,7%, НТҶ 143,7%, вилояти Суғд 131,2%, вилояти Хатлон 102,2% ва шаҳри Душанбе 103,8%-ро ташкил додааст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?